Дар Душанбе масъалаи амалишавии нақшаи «Шаҳри сабз» -ро баррасӣ карданд

Май 18, 2021 13:33

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»  таҳти унвони «Нақшаи амалинамоии «Шаҳри сабз» барои шаҳри Душанбе»  семинар баргузор шуд. Семинари  мазкур дар асоси Ёддошти тафоҳум байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва БАТР аз 17 майи соли 2019 вобаста ба татбиқи амалии барномаи «Шаҳри сабз» роҳандозӣ гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода зимни ифтитоҳи ҷамъомад  зикр намуд, ки  бо дастуру ҳидоятҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвар рӯз ба рӯз  ободу зебо ва сабзу хуррам  мегардад. Пас аз иқдоми Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахт Душанбе ба феҳрасти шаҳрҳои сердарахт ва сабзу хуррами ҷаҳон ва яке аз мегаполисҳои аз лиҳози экологӣ тозаи Осиё шомил гардидааст.  Ин иқдоми наҷиб метавонад минбаъд симои пойтахтамонро комилан тағйир диҳад ва Душанберо ба экомегаполиси муҳташам табдил созад.

-Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  барои саҳми арзанда гузоштан дар  пешрафту шукуфоӣ ва сабзкорию бунёдкории пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ба масъулин ва сокинони пойтахт изҳори миннатдорӣ менамояд,-  гуфт  дар идомаи суханронӣ Амирхон Қурбонзода.

Таъкид гардид, ки семинари имрӯза фарогири масъалаҳои татбиқи нақшаи “Шаҳри сабз”, барномаи сармоягузорӣ ва афзоиши иқтидори шаҳри Душанбе буда, фароҳамсозии шароит баҳри бунёди ояндаи беҳтару устувор барои  пойтахт  ва сокинони он мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи барномаи мазкур баргузории 2 семинар ба нақша гирифта шуда, чор ҳадафи асосии он — ҷараёни корҳо ва натиҷаҳои асосии Нақшаи татбиқи “Шаҳри сабз”,  тасдиқи мушкилоти калидии секторҳо, бахшҳои алоқаманди соҳа, муайянсозии имкониятҳои татбиқи нақшаи мазкур  барои банақшагирӣ ва сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе, рафъи мушкилоти соҳавӣ, меъёрӣ ва молиявӣ, инчунин нуқсонҳои  дар ҳисобот дарҷ нагардида ва таҳияи  дурнамои рушди  «Шаҳри сабз» муҳокима карда шуданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилотҳои давлатӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишгоҳҳои олии кишвар ва ширкатҳои хусусӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар    иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки 23 сентябри соли 2020  доир шуд, аз тамоми сокинони  пойтахт  даъват ба амал оварданд, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм гузоранд. Раиси шаҳр, аз ҷумла, гуфтанд: «Дар ин радиф пешниҳод менамоям, ки ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро сарсабз мегардонем ва  дар ободонии он саҳм мегузорем,  балки барои  насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист  ва сарзамини худро меомӯзем».

Май 18, 2021 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад
«ШАҲРҲОИ ОЯНДА: БЕХАТАР, САБЗ ВА ҲУШМАНД». Дар ҷаласаи махсуси Форуми «Dushanbe Invest – 2025» 17 созишнома ва ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад