Душанбе ба таҷлили бошукӯҳи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон омодагӣ мегирад

Май 28, 2021 15:09

ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 27 майи соли 2021  ба имзо расид. Тибқи   нақшаи чорабиниҳои   мазкур,   дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  баргузории  барномаи идонаи фарҳангиву фароғатӣ, хамчунин  ташкили намоиши ҳунару эҷод, мусаввараҳои беҳтарин, дастовардҳои кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе   ва озмуни расмкашӣ  дар назар дошта шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   ин нақшаи чорабиниҳо  бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳия гардидааст.

Тибқи қарори мазкур,  масъулини  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои марбутаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  вазифадор гардидаанд, ки  иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.

Мавриди ёдоварист, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакони пойтахт, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода мебарад. Ҳар сол  ҷиҳати  таҷлили бошукӯҳи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  барои  тарбиятгирандагони ҳамаи мактаб -интернатҳо ва хонаи кӯдакони пойтахт дастурхони идона ороста, барномаҳои ҷолибу рангини фарҳангию фароғатӣ   пешниҳоди онҳо  мегарданд. Аз ҷониби   масъулин  ба ҳар яки  онҳо туҳфаҳои  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  тақдим мегарданд.

Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   бахшида ба таҷлили ин рӯз  пахши маводи  таблиғотӣ, рекламаҳои  иҷтимоӣ вобаста  ба ҳаёти кӯдакону  наврасон ба воситаи   таблоҳои  электронии    шаҳри Душанбе  ва таҳияи  барномаҳои телевизионию радиоӣ ва мақолаҳо   дар мавзӯъҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни  онҳоро ба нақша гирифтааст.

Ёдрас мешавем, ки  бахшида ба Рӯзи байналмилалии  ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мешавад, дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ҷумла дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе  чорабиниҳои гуногун баргузор мегардад. Бояд илова намуд, ки  бахшида ба  ин рӯз барои кӯдакон ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, намоишҳои театрикунонидашуда ва  маъракаҳои хайриявӣ  баргузор мегарданд.

Хотиррасон мешавем, ки  соли 1949 намояндагони конгресси занон, ки дар Париж мегузашт, аз ҳама мардуми олам даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Ба ин тариқ, Рӯзи байналмилалии кӯдакон таъсис ёфт, ки аввалин идаш 1 июни соли 1950 барпо гардид ва он то имрӯз ҷашн гирифта мешавад.

Соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Изҳороти ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуда, аз ҷониби кишварҳои зиёд эътироф гардид. Баъдан  соли 1989 ин ташкилот Созишномаи ҳуқуқи кӯдакро тасдиқ кард, ки вазифа ва уҳдадориҳои ҳама давлатҳоро нисбат ба шаҳрвандони ноболиғашон  муайян намуд. Дар ин ҳуҷҷат уҳдадориҳои калонсолон ва ҳуқуқи кӯдакон  сабт гардидаанд.

Май 28, 2021 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд