ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГИИ СОКИНОНИ ПОЙТАХТРО БАЛАНД МЕБАРДОРЕМ. Дар ҳалқароҳи Душанбе монитори таблиғотӣ насб шуд

Май 11, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳалқароҳи хиёбони Саъдии Шерозӣ ва Синои шаҳри Душанбе монитори  таблиғотӣ насб гардид. Ҳадафи иқдоми мазкур баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ва меҳмонони пойтахт мебошад.

Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, насби монитор дар ҷойи серодам  яке аз роҳҳои нави иттилоърасонӣ ва маърифатбахшӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт дар самти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологӣ маҳсуб мешавад.

Андозаи монитор 18 метри мураббаъ буда, бо формати НD ба сокинону меҳмонони пойтахт имконият медиҳад, ки аз масофаи дур низ видеороликҳои таблиғотии экологиро тамошо намуда, барои тозаю озода нигоҳ доштани пойтахти мамлакат саҳм гузоранд. Монитор сифати баланд дошта, бо системаи электронии замонавӣ идора мегардад.

Монитори таблиғотӣ дар гӯшаҳои пойтахт бо мақсади татбиқи ҳадафҳои «Барномаи маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB)»  насб гардид.

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Май 11, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад