«ОЛТИН ҚАЛАМ». Рӯзноманигор аз Тоҷикистон барандаи ҷоизаи озмуни байналмилалии Ӯзбекистон шуд

Май 4, 2021 13:28

ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри «Туркистон» дар Тошканд маросими ботантанаи мукофотонидани ғолибон ва барандагони ҷоизаҳои Озмуни байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоизаи миллии «Олтин Қалам» дар соҳаи рӯзноманигорӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар номинаи «Барои беҳтарин маводи рӯзноманигори хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон» муҳаррири калони бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» -и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Отабек Ғоибов ҷои дуюмро гирифт.

Дар ин номина сармуҳаррири маҷаллаи «Business Turk» Рузубай Акурен сазовори ҷойи аввал гардид.

Ғолибон бо дипломи махсус, нишони «Олтин Қалам», ҳайкалча ва мукофоти пулӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалӣ барои Ҷоизаи ХV  миллии «Олтин Қалам» («Қалами тиллоӣ»)-ро Иттифоқи эҷодии рӯзноманигорони Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо Маркази бозомӯзии рӯзноманигорон ва якчанд ташкилот эълон карда буд. Ба озмун, ки ба 3 май — Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот бахшида шуда буд, маводи дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо чопшуда, аз тариқи радио ва телевизион, инчунин нашрияҳои интернетӣ давоми сол — аз 31 марти 2020 то 31 марти 2021 интишорёфта фиристода шуда буданд.

                                                         АКСҲО: АМИТ «Ховар»/UzA

Май 4, 2021 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид