«ҶОВИДОН БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН». Таҳти ин унвон дар Душанбе шоми фарҳангии ҷавонон гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки 23 май таҷлил мегардад, дар Майдони 800-солагии Москва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангии шоми ҷавонӣ таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» доир гардид.
Дар он роҳбарияту кормандони вазорату идораҳо, кумитаҳо, сохторҳои дахлдори шаҳриву ҷумҳуриявӣ, гирандагони стипендияҳои Президентӣ ва Раиси шаҳри Душанбе, ҷавонони фаъоли касбу кори гуногуни пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирочиёни шоми ҷавонӣ ва тамоми ҷавонони пойтахтро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод намуда, дар робита ба таваҷҷуҳи Раиси шаҳри Душанбе нисбат ба дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имконияти арзанда ба ин қишри ояндасози ҷомеа дар пайравӣ ба сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода оид ба иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, фарҳангиву варзишӣ ва раванди созандагиву бунёдкории мамлакат сухан кард.
Сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳри Душанбе дар радифи дигар соҳаҳо бо таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе пазируфта шудааст.
Дар пойтахт марҳила ба марҳила бо қабул гардидани барномаҳои соҳавӣ, фароҳам овардани шароиту имконияти худтакмилдиҳӣ, иштирок дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакат, ваҳдату ягонагӣ, фарҳанг ва асолати миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Саҳми ҷавонону наврасон дар татбиқи сиёсати давлатии кишвар назаррас буда, онҳо дар таҷлил ва баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар доираи эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши назаррас доранд.
Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва эҷодиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил шуда, дар шаҳри Душанбе якчанд барномаҳо гузаронида шуданд.
Баргузории Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон дар масири истиқлол ва давлатдории миллӣ», Форуми шаҳрӣ вобаста ба пешгирӣ аз гаравидани наврасону ҷавонон ба терроризму экстремизм таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ- омили рушди босуботи ҷомеа», Форуми шаҳрии варзишгарони пойтахт таҳти унвони «Варзиш омили муҳими солимиву зебоӣ ва таҳкими дӯстию бародарист!», ҳамоишҳои гирандагони стипендияи Раиси шаҳр ва Президентӣ аз ҳамин қабиланд.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд






