ПАРКҲОИ ТЕХНОЛОГИЮ ИННОВАТСИОНӢ- НАМУНАИ ҲАМГИРОИИ САМАРАНОКИ ИЛМ ВА ИСТЕҲСОЛОТ. Рушди соҳа дар Тоҷикистон ба пешрафти маҷмӯии мамлакат таъсири амиқ мегузорад
ДУШАНБЕ, 10.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва фаъолияти инноватсионӣ яке аз бахшҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳони муосир мавқеи муҳим ва устувор касб намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои илм, маориф ва инноватсия зарурати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таъкид намуда, тазаккур доданд: «Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ роҳандозӣ карда шаванд».
Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» доир ба рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, фаъолияти инноватсионӣ, ташкили паркҳои технологию инноватсионӣ ва истифодаи он дар истеҳсолот чунин ибрози андеша намуд:
— Воқеан, рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва роҳандозии васеи инноватсия ба пешрафти маҷмӯии мамлакат, аз ҷумла идоракунии самаранок, хизматрасониҳои электронӣ, содироти бештари молу хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, густариши фаъолияти фосилавӣ ва таҳсили фосилавӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Дар натиҷа, имкон фароҳам меояд, ки дар як қатор зербахшҳои соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз қабили барномасозии компютерӣ бе сармоягузории пешакӣ фаъолияти самаранок роҳандозӣ гардида, даромади зиёд ба даст оварда шавад.
Мавриди зикр аст, ки рушди бемайлони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тавассути таъсис ва фаъолияти густурдаи паркҳои технологӣ, паркҳои технологияҳои иттилоотӣ, паркҳои илмию технологӣ, марказҳои инноватсионӣ ва ҳамгироии мутахассисони соҳавӣ таъмин карда мешавад.
Паркҳои технологӣ шакли муосири ҳамгироии илм ва истеҳсолот ба ҳисоб рафта, бо мақсади вусъат бахшидани тадқиқот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмию техникӣ ва технологӣ тавассути фаъолияти мутахассисони ташаббускор, доираҳои академикӣ, истифодаи васеи базаи истеҳсолӣ, таҷрибавӣ ва иттилоотӣ созмон дода мешавад. Ба истилоҳи дигар, паркҳои технологӣ маконест, ки мутахассисони болаёқат идеяҳои худро ба кори амалӣ табдил медиҳанд. Дар ҳамаи кишварҳои рушдёфта паркҳои технологӣҳамчун элементи калидии инфрасохтори иқтисодиёти муосири инноватсионӣ хизмат мекунанд.
Таъсиси паркҳои технологӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ метавонанд дар ояндаи наздик дар ҳалли чунин масъалаҳои глобалӣ, аз қабили таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ; ташаккул ва рушди низоми миллии тиҷорати рақамӣ; дастгирӣ ва роҳнамоии лоиҳаҳо/моделҳои тиҷоратии нав (Startup), афзоиши ҳиссаи технологияҳои инноватсионӣ дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ки ба кишвар сармояи дохиливу хориҷиро ҷалб мекунад, мусоидати амиқ кунанд.
Дар доираи ин, Парки технологияҳои иттилоотӣ бошад, барои таъсис ва рақамисозии марказҳои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳо, беҳтар шудани хизматрасониҳои рақамии давлатӣ, инчунин афзоиши самаранокии пешниҳоди хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ташкили инфрасохтори рақамӣ, рушди малакаҳои рақамӣ, инкишофи фарҳанги инноватсионӣ, тавсеаи талабот ба технологияҳои нав аз ҷониби корхонаҳо нигаронида шудааст.
Ташкил ва фаъолияти назарраси паркҳо ва марказҳои технологӣ дар шаҳру ноҳияҳо барои рушди низоми иқтисоди инноватсионӣ мусоидат мекунанд. Чунин муҳит барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати ҷалби ғояҳо, технологияҳо, ҳалли масъалаҳо тариқи низоми рақамӣ ва мутахассисони боистеъдод пешбинӣ шудааст.
Паркҳои мазкур дарки технологияҳои рақамиро аз ҷониби аҳолӣ баланд бардошта, ба коҳиш ёфтани хароҷоти маъмурӣ вобаста ба пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, афзоиши маблағгузорӣ ба рақамисозии низоми идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ, инкишофи бахши хусусӣ, аз ҷумла дар бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди сатҳи истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷониби соҳибкорон, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, маъмурияти парки технологияҳои иттилоотӣ вазифаҳои зеринро амалӣ мекунанд: таҳия ва амалисозии нақшаҳои стратегии парки технологияҳои иттилоотӣ; рушди иқтидори содиротии резидентҳо; ташкили ҷойҳои нави корӣ тавассути рушди маҳсулоти технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ; фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ба резидентҳо; ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо; рушди иқтидори маҷмӯии резидентҳо.
Бартарияту манфиатҳои омилҳои зикршуда ва иқтидори маҳсулоти инноватсиониро кишварҳо дарк намуда, ба рушди бозори технологияҳои иттилоотӣ саҳмгузорӣ мекунанд.
Агар ба таҷрибаи ҷаҳонӣ назар кунем, чунин марказҳо асосан дар кишварҳои тараққикарда ва қисман дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъсис дода шудаанд ва имрӯз ба марказҳои бузурги илмию технологӣ табдил ёфтаанд.
Барои мисол, соли 2005 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус Парки технологияҳои баланд таъсис дода шуда, мутахассисони он ба таҳияи барномаҳои компютерӣ ва дигар барномаҳо машғуланд. Айни замон, зиёда аз 1000 ширкат узви он буда, беш аз 90 фоизи барномаҳои таҳиянамудаи марказ ба содирот равона карда ашудааст. Парк дар соли 2020 содиротро ба таври назаррас зиёд намуда, суръати афзоиши содирот 125%-ро ташкил дод.
Ба ин монанд метавон парки технологӣ ва инноватсионии “Сколково”-и Федератсияи Россия, парки илмии Кембриджи Британияи Кабир, маркази илмию истеҳсолии “Водии Медикон”-и Шветсия, маркази технологии “Водии Кремний”-и ШМА, марказҳои технологии шаҳрҳои Ганновер ва Мюнхени Олмон, Сингапур, Чин, Ҷопон, Ҳиндустон, Малайзия ва даҳҳо марказҳои дигари бузурги илмию истеҳсолӣ ва технологию инноватсиониро метавон мисол овард, ки дар ҳамгироии илму истеҳсолот ва роҳандозии васеи маҳсулоти инноватсионӣ саҳми назаррас доранд. Дар ин раванд, омӯзиши таҷрибаи ин марказҳо ва имкониятҳои истифодаи он дар ҷумҳурӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумотҳо, дар байни 10 ширкатҳое, ки аз рӯи капитализатсияи бозор дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол мекунанд, беш аз 50 фоизи онҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолият менамоянд. Се мавқеи аввалро корпоратсияҳои технологӣ ишғол мекунанд, ки бевосита бо инноватсия ва соҳаи технологияҳои иттилоотӣ алоқаманданд. Омори мазкур муҳим будани ин соҳаро нишон дода, ишора мекунад, ки рушди он барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ тавассути рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ дар бахши технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ кўмак мерасонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равандҳои рушди соҳаро мавриди таҳлилу баррасӣқарор дода, иброз доштанд, ки “сатҳи рушди илм, технологияҳо ва суръати пешрафти техникиву технологии кишварҳои рушдёфтаи дунё барои олимону ихтироъкорон ва махсусан, наврасону ҷавонони мо бояд намунаи ибрат ва омӯзиш бошад”.
Дар ҷумҳурии мо барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва инноватсионӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, аз ҷумла Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи паркҳои технологӣ”, “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва дигар санадҳо қабул гардиданд ва татбиқи онҳо марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст.
Бо назардошти аҳамияти хосса касб намудани соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар рушди иқтисодӣ ва истифодаи имкониятҳои он,инчунин ба таври васеъ дар истеҳсолот истифода намудани натиҷаҳои илмию инноватсионӣ, тибқи қарори ҷаласаи XXI Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 25 феврали соли 2021, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи паркҳои технологӣ” дар таҳрири нав бо назардошти таъсиси паркҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) дар заминаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва“Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ”, ки механизми маблағгузории корҳоро вобаста ба роҳандозӣ намудани инноватсия дар истеҳолот фарогир аст,таҳия карда мешаванд.
Дар баробари ин, бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Дар Паёми навбатӣ ба мақоми қонунгузори мамлакат, Пешвои муаззами миллат бо мақсади рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ оид ба таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд.
Бори нахуст, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории инноватсионӣ ва дастгирии лоиҳаҳои нав, Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” (бизнес-инкубатор) дар шаҳри Душанбе ва марказҳои хизматрасонии он дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ таъсис ва ба фаъолият оғоз намуданд.
Инчунин бо мақсади пайваст намудани илм ва истеҳсолот ва татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмии донишҷуён, дар назди муассисаҳои олии таълимии кишвар, паркҳои технологӣ ташкил гардида, ширкатҳои зиёди хусусӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва фаъолияти инноватсионӣ ташкил гардиданд.
Дар заминаи шароитҳои фароҳамгардида, cолҳои охир дар соҳаи технологияҳои дастрасии мобилӣ дар ҷумҳурӣ таҳавуллоти ҷиддие амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, технологияҳои насли чорум, ки айни замон дар қисми зиёди шаҳру ноҳияҳо дастраси мардум гаштааст, ворид ва васл карда шуданд; барномаи ворид ва паҳн намудани дастрасӣ ба шабака бо технологияҳои насли панҷум амалӣ мегардад; афзоиши корбарони телефонҳои ҳушманд афзоиш ёфтааст; нархи дастрасӣ ба шабакаҳои мобилӣ коҳиш ёфтааст. Инчунин дар соҳаи технологияҳои дастрасии симин (собит) бошад, интернети фарохмавҷ дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ паҳн гашта, истифодаи нахҳои нурӣ дар рушди инфрасохтори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шаҳрҳои калони мамлакат амалӣ мегардад.
Айни замон дар технологияҳои молиявию бонкӣ, андозу гумрук, инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ, тиҷорат, тиб ва дигар соҳаҳо ҷиҳати истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ таҳаваллуоти васеъ ба амал омадааст.
Тамоюлҳои ҷаҳонии табодули рақамӣ мунтазам ва босуръат гардида, соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодию иҷтимоиро фаро мегиранд. Инчунин ҷоринамоии технологияҳои нави пешрафта бо суръати баланд амалӣ шуда истодааст, ки истифодаи дурусти онҳо рақобатнокии миллиро дар асри XXI муайян менамояд.
Ҳамзамон бо ин, такмили қонунгузории соҳавӣ, таъмини рушди бемайлони инфрасохтори рақамӣ, тақвияти малакаи рақамӣ, афзоиши талабот ба технологияҳои нав аз ҷониби корхонаҳо, суръатбахшии сармоягузорӣ ба рақамикунонӣ, тақвияти фаъолияти бахши хусусӣ, аз ҷумла бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва инноватсионӣ ва сатҳи баланди истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷониби соҳибкорон муҳим арзёбӣ гардида, амалисозии чораҳои зерин ба рушди соҳа такони нав хоҳад бахшид.
Якум, тақвияти корҳо дар самти ҷорикунии технологияҳои нав, рушди сармояи инсонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва инноватсионӣ бо назардошти таҳкими амнияти иттилоотӣ ва афзоиши эътимод ба технологияҳои рақамӣ.
Дуюм, таҳкими заминаҳои рақамӣ, аз ҷумла таъсиси инфрасохтори муосири рақамӣ ва рушди низоми муосири алоқа, таъсиси марказҳои иттилоотӣ ва платформаҳои рақамӣ.
Сеюм, таъмини рақамикунонии соҳаҳои калидии иқтисодёти ҷумҳурӣ ба монанди бахши хизматрасонии давлатӣ ва гузариш ба ҳукумати электронӣ, рақамикунонии соҳаи иҷтимоӣ, инчунин соҳаҳои калидии истеҳсолот, ба монанди энергетика, саноати коркард, кишоварзӣ ва тақвияти бахшҳои нав, аз ҷумла технологияҳои молиявӣ.
Ҳамзамон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус ва ҳайати идоракунанда барои пешбурди лоиҳаҳои рақамӣ, инчунин таъсиси низоми тайёр кардани мутахассисони дорои донишҳои муосири соҳавӣ дар донишгоҳҳо ва корхонаҳо ва дар маҷмўъ барои рушди малакаи рақамӣ байни аҳолӣ, беҳтар намудани сифати барномаҳои таълимӣ ва таъмини пурраи омўзгорони соҳибтахассуси соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот зарур аст.
Махсусан технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф ва илм нақши муҳим дорад. Айни замон, тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зарурати ба хориҷи кишвар барои таҳсил сафар намудан тадриҷан аз байн рафта истодааст. Зеро аксари донишгоҳҳои пешрафти ҷаҳон имконияти таҳсили фосилавиро ба хоҳишмандон фароҳам оварда, тамоми маводи хонишро дар шабакаи интернет ҷой додаанд.
Дар ин росто, яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва инноватсионӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла роҳандозии ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ таъмини интернети фарохмавҷ ба шумор меравад.
Тибқи тадқиқоти мутахассисони байналмилалӣ ба 10 фоиз зиёд гаштани истифодабарони интернети фарохмавҷ боиси 1 фоиз афзоиш ёфтани Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гашта, на танҳо барои самаранокии фаъолияти соҳаҳои гуногун, инчунин барои рушди иқтисодӣ низ таъсири бевосита дорад.
Айни замон дар Тоҷикистон миқдори истифодабарони фаъоли алоқаи мобилӣ ва интернет, аз ҷумла интернети мобилӣ батадриҷ зиёд гардида, имконияти бузурги рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва тавассути он рушди маҷмӯии ҷумҳурӣ фароҳам аст.
Зеро, тамоюли асосии солҳои охир дар ҷаҳон такя ба гузариш аз технологияҳои анъанавӣ ба технологияҳои мобилӣ, аз ҳукумати электронӣ ба ҳукумати мобилӣ мебошад. Ва ин аҷиб нест, зеро миқдори истифодабарони технологияҳои мобилӣ аз миқдори истифодабарони технологияҳои анъанавӣ якчанд маротиба зиёд аст.
Дар маҷмуъ, вусъатбахшии раванди татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои ҳарчи зудтар ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ мусоидат хоҳад намуд.
ДАР АКСИ АВВАЛ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (15.04.2021)