Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба оилаҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб кумак намуданд

Май 12, 2021 17:39

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 май  дар доираи роҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба оилаҳои бар асари офатҳои табии рӯзҳои охир зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ҳаҷми 300 тонна масолеҳи сохтмонӣ аз қабили сементу арматура ва  тахта, беш аз 170 тонна  маҳсулоти хурокворӣ, аз ҷумла   орду шакар, гӯшту равған, биринҷ, пиёзу картошка  ва  1200 дона ҷиҳози рахти хоб  кӯмак фиристоданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба зардидагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки дар доираи рисолати шаҳрвандӣ, ҳамрайъию ҳамдилӣ бо мардуми зарардида ва  инсондӯстию  ватанпарастӣ фиристода шуд, нимаи дуюми имрӯз ба шаҳри Кӯлоб ворид гардид ва ба зарардидагон дастрас карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бар асари селу  бориши зиёд 11 май дар якчанд  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти хоҷагии халқ хароб гардида, мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудаанд.

Тавре аз таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, «мо танҳо дар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди комил, якдигарфаҳмию ҳамдилӣ ва эҳтироми ҳамдигар метавонем  ҳама мушкилотро бартараф намоем ва дар якҷоягӣ ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем».

Мардуми зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бояд дилпур бошанд, ки дар ин рӯзҳои вазнин зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии  давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ин рӯзҳо ҳеҷ гоҳ онҳоро танҳо  намегузоранд.

Аксҳо аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлили дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Май 12, 2021 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд