Саидбег Нуриддинов: «Адвокатураи тоҷик дар солҳои истиқлол вориди марҳилаи нави рушд гардид»

Май 26, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Адвокатураи тоҷик дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфта, вориди марҳилаи нави рушд гардид. Ин матлабро  дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон /ИАТ/ Саидбег Нуриддинов дар Рӯзи адвокатҳо, ки ҳамасола 26 май дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, баён дошт.

Мавсуф гуфт, ки “адвокатураи тоҷик, ки таърихи қариб садсола дорад, марҳилаҳои гуногуни рушдро паси сар намуда,  кафили таҳкими давлатдорӣ ва таркиби ивазнашавандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Рисолати  асосии адвокатҳо- ин тақвияти волоияти қонун ва таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун бо пешниҳоди маслиҳату ёриҳои ҳуқуқист”.

Дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  адвокатураи тоҷик вориди марҳилаи рушд гардида, мактаби адвокатура дар кишвар ташаккул ёфт. 18 марти соли 2015 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба имзо расид. Қонуни мазкур кӣ будани адвокатро мушаххас  муайян менамояд.

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, забони давлатиро медонад, инчунин на кам аз ду сол собиқаи корӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос дорад ё коромӯзиро дар ташкилоти адвокатӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонуни  мазкур гузаштааст, метавонад соҳиби мақоми адвокат гардад. Тибқи талаботи қонун, дар назди Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Комиссияи тахассусии адвокатҳо фаъолият менамояд, ки  баъди супоридани имтиҳони тахассусӣ дар Вазорати адлия дар ҳузури  аъзои комиссияи иборат аз 9 нафар, ки 5 нафараш  адвокат мебошанд, ба довталабон мақоми адвокатӣ дода мешавад. Баъди додани мақоми адвокатӣ, адвокат  дар ИАТ савганди  адвокатӣ ёд карда, ба узвияти ИАТ қабул шуда, аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба ӯ  шаҳодатномаи адвокатӣ супорида мешавад ва барои расонидани ёрии  ҳуқуқӣ ҳуқуқ пайдо менамояд. Шахсоне, ки собиқа надоранд,  дар асоси коромӯзӣ дар ташкилоти адвокатӣ дар зарфи шаш моҳ коромӯзӣ намуда, дар ИАТ аз ҷониби ташкилоти адвокатӣ ҳуқуқи ҳамчун адвокат фаъолият кардан пайдо менамоянд.

Фаъолияти адвокатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», ки аз 28 марти соли 2015 мавриди амал қарор дода шудаааст, ба танзим медарорад.

 — Адвокатҳо зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ,  гражданӣ, ҷиноӣ, инчунин  ҷамъ ва пешниҳод кардани далелҳо тамоми ҳуқуқро дороянд. Ҳамзамон дар баробари ҳукуқ, адвакатҳо дорои уҳдадориҳо низ мебошанд. Яке аз уҳдадориҳои адвокат ғайри имтиҳоне, ки месупорад ва соҳиби мақоми адвокат мегардад, ин аст, ки  бояд ҳатман баъди панҷ сол аз аттестатсия гузарад. Ин дар қонунгузории кишвар падидаи нав аст, мегӯяд Саидбег Нуриддинов.

ИАТ бо мақсади омода кардани адвокатҳо барои  бомуваффақият гузаштани аттестасия тибқи талаботи қонун Маркази такмили ихтисоси назди ИАТ –ро   ҳамчун муассисаи таълимӣ таъсис дод, ки адвокатураи тоҷик дар зарфи сад соли мавҷудият дорои чунин марказ набуд, Дар зарфи фаъолияти адвокатураи тоҷик ин нахустин Маркази такмили ихтисос мебошад. Маркази замонавӣ дорои тамоми шароити муосир  буда, омӯзгорон дар он  ҳамарӯза ба дарсдиҳӣ машғуланд. Марказ  дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ расман ба қайд гирифта шуда, дорои шаҳодатнома мебошад.

Соли 2020 бо дастгирии бархе аз  шарикони рушд бо мақсади фароҳам овардани сабукиҳо барои адвокатҳо дар замони пандемия  низом ё платформаи миллии омӯзиши онлайнии курсҳои такмили ихтисос ташкил  гардид. Ташкили чунин низом ба адвокатҳо имкон дод,  ки тавассути интернет мавзӯъҳоеро, ки аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон дар платформа ҷой дода шудаанд, ба таври  онлайнӣ аз худ карда, аз такмили ихтисос  гузаранд. Чунин система дар Осиёи Марказӣ ягона аст. Ҳамзамон Оинномаи ИАТ тасдиқ гардид, ки ҳадафи он рушди адвокатураи тоҷик мебошад. Моҳи сентябри соли 2015 анҷумани якуми ИАТ  гузаронида шуд, ки дар он ИАТ ва мақомоти минтақавии ИАТ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри  Душанбе  ташкил дода шуд, ки ҳадафаш сарҷамъ кардани адвокатҳои кишвар мебошад. Саидбег Нуридинов мегӯяд, ки ИАТ ташкилоти ягонаи мустақили касбӣ, ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Алҳол дар миқёси Тоҷикистон беш аз 800 нафар адвокатҳо, ки қариб 300 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, фаъолият доранд, ки барои пурра таъмин кардани аҳолии беш аз 9 миллионнафараи Тоҷикистон дар самти  пешниҳоди маслиҳат ва кумакҳои ҳуқуқӣ кифоя намекунад. Бо ин мақсад ИАТ бо мақомоти кудратии кишвар ва дигар ниҳодҳои марбутаи мамлакат, аз ҷумла Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҳамкории густурда ба роҳ мондааст, то ин мушкилӣ ҳалли худро пайдо намояд.

-Тибқи талаботи моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат расонидани ёрии ҳуқуқиро дар ҳамаи марҳилаҳои тафтишотӣ ва судӣ кафолат додааст. Барои мо, адвокатҳо мояи ифтихор аст, ки маҳз кафолати давлат тавассути  ниҳоди адвокатура амалӣ мешавад. Яъне танҳо ниҳоди адвокатура  ҳуқуқи расонидани ёрӣ дар марҳилаҳои тафтишотӣ ва судиро дорад. Аз ин рӯ  шумораи адвокатҳои тоҷик барои ба тамоми аҳолии мамлакат расонидани ёрии ҳуқуқӣ кам мебошад, афзуд раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Саидбег Нуриддинов.

Инчунин аз ҷониби ИАТ омӯзишҳо дар самти  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум гузаронида мешаванд. Тибқи қонунгузории кишвар,  ба табақаҳои ниёзманд ва камбизоати аҳолӣ кумакҳои ҳуқуқии ройгон расонида мешаванд. Тавре раиси ИАТ мегӯяд, танҳо соли 2020 аз ҷониби адвокатҳои ҷумҳурӣ ба зиёда аз 37 ҳазор нафар аҳолӣ ёрии ҳуқуқӣ  расонида шудааст. Инчунин дар самти тартиб додани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, маслиҳатҳо,  иштирок дар парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ ба зиёда аз 32 ҳазор нафар табақаҳои камбизоати аҳолӣ аз ҷониби адвокатҳои кишвар ёрии ройгони ҳуқуқӣ пешниҳод гардидааст.

Дар самти робитаҳои байналмилалӣ бояд гуфт, ки ИАТ моҳи майи соли 2016 узви Хартияи адвокатҳои ИДМ гардид. Ҳамзамон ИАТ ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ ва иттифоқҳои адвокатҳои кишварҳои хориҷӣ, хусусан Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба роҳ монда, тақвият медиҳад. Дар доираи ҳамкорӣ беш аз 10 нафар адвокатҳои тоҷик ба шаҳри Женеваи Швейтсария барои таҷрибаомӯзӣ фиристода шуда, инчунин зиёда аз 60 нафар адвокатҳо дар зарфи панҷ соли охир дар конфронсу ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок  ва маърӯза намудаанд.

-Дар маҷмӯъ  касби адвокатӣ яке аз институтҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва тамоми ҷомеа, инчунин таҳкими волоияти қонун дар сатҳи давлат равона шудааст. Адвокатҳо дар радифи доштани дониши аълои ҳуқуқӣ дорои ақидаи устувор, масъулият, истодагарӣ ва зиракӣ низ мебошанд. Ҳамаи ин асоси муваффақонаи фаъолияти адвокатҳост,-иброз дошт дар хатми суҳбат раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Саидбег Нуриддинов.

                                                           Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

                                                                      Аксҳо аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Май 26, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд