Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Троллейбус» ва БАТР тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ»-ро вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон имрӯз дар ҷаласа тасдиқ намуданд.
Зимни баррасии Созишномаи грантӣ зикр шуд, ки санади мазкур 28 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
Ҳадафи лоиҳа барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 8,0 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он маблағҳои қарзӣ 5,2 миллион доллари амрикоӣ ва маблағҳои грантӣ 2,8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд. Инчунин барои амалӣ гардонидани лоиҳа кумаки техникӣ дар ҳаҷми 0,75 миллион евро пешниҳод гардидааст.
Ҳаҷми умумии маблағи грантӣ 2,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 1,4 миллион доллар (транши 1) аз ҷониби Маҷлиси намояндагон аз 15 январи соли 2020 тасдиқ гардида, маблағи боқимонда дар ҳаҷми 1,4 миллион доллар (транши 2) бо созишномаи алоҳида аз 28 августи соли 2020 ба имзо расонида шудааст.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






