Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Троллейбус» ва БАТР тасдиқ гардид

Май 19, 2021 15:11

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ»-ро вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон имрӯз дар ҷаласа тасдиқ намуданд.

Зимни баррасии Созишномаи грантӣ зикр шуд, ки санади мазкур 28 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида,  аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Ҳадафи лоиҳа барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 8,0 миллион  доллари амрикоӣ буда, аз он маблағҳои қарзӣ 5,2 миллион доллари амрикоӣ ва маблағҳои грантӣ  2,8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд. Инчунин барои амалӣ гардонидани лоиҳа кумаки техникӣ дар ҳаҷми 0,75 миллион евро пешниҳод гардидааст.

Ҳаҷми умумии маблағи грантӣ 2,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 1,4 миллион доллар (транши 1) аз ҷониби Маҷлиси намояндагон аз 15 январи соли 2020 тасдиқ гардида, маблағи боқимонда дар ҳаҷми 1,4 миллион доллар (транши 2) бо созишномаи алоҳида аз 28 августи соли 2020 ба имзо расонида шудааст.

Май 19, 2021 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд