ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН. Ин неруи бузурги ҷисмонӣ имрӯз сипари боэътимоди давлат аст

Май 23, 2021 08:22

ДУШАНБЕ, 23.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 23 майи соли 1997 ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад.   23 майи  соли  1997  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, Фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд ва маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки  23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода иброз дошт, ки фазои ободу осудаи ватани азизамон ҷойгоҳи сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун кишвари ҷавонӣ ва ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад. Синни миёнаи аҳолӣ дар кишвар 25 солро дар бар мегирад. Дар 17 соли охир шумораи ҷавонон 33% зиёд гардидааст ва дар ин давра ба ҳисоби миёна ҳамасола 1,9% шумораи ҷавонон дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфтани сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имконияти васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад.

Шароити фароҳамоварда баҳри рушду инкишофи имконоти зеҳнӣ ва ҳамчун шахси комил бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардидани насли наврасу ҷавони кишвар мусоидат намуд, ки ин дар навбати худ дар замири онҳо қобилияти нави инсониро кашф ва боварию эътимодашонро ҷиҳати анҷоми корҳои созандагӣ ба маротиб боло бурд.

«Имрӯз дар такя ба қувва ва неруи ҷавонон мо ҳадафҳои бунёдкоронаи имрӯзу ояндаи худро баҳри татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ба нақша мегирем ва ҷиҳати ноил гардидан ба он тамоми қувва ва тавони худро сафарбар намуда истодаем.

Таҷрибаи корҳои созандагиву бунёдкории ҷавонон дар давраи соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки ин неруи созанда дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дошта, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша ҷонибдорӣ  менамояд ва дар раванди он худ бевосита ширкат ва саҳм мегузорад»,- гуфт Р.Назарзода.

Ба андешаи мавсуф, дар ҳақиқат ҷавонон неруи бузурги ҷисмонӣ ва сипари боэътимоди давлат мебошанд. Ҷавонон дорои имконияти бузурги зеҳниву ҷисмонӣ буда, соҳиби неруи созандагиву бунёдкорӣ, илму дониш, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи замонавӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми имконият истифода намуда истодааст.

Аз ҷумла, соли 1998 таъсис ёфтани мақомоти ваколатдор дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, маблағгузории фаъолияти соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути барномаҳои соҳавӣ, дар тақвими санаҳои таърихӣ ворид гардидани 23 май — Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ  барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис ёфтани стипендияҳои президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи онҳо, таъсис ёфтани стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон» барои донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, таъсиси квотаҳои президентӣ, ҷудо намудани грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, таъсис ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва ба зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, навсозӣ ва ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ,  инчунин сохтмони мактабу донишгоҳҳо ва китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, толорҳои варзишӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти мутобиқ ба талаботи замони муосир ва эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон аз тадбирҳои муҳим ва дастовардҳои назаррас дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб мешаванд.

Ҳамаи ин дастовардҳо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ муяссар гардидаанд. Зеро Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллӣ маҳсуб шуда, кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёри миллӣ ва пуштибону ҳимоятгари ҷавонон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи оқилонаву дуруст аз ин захираи стратегии зеҳнии миллӣ ба хотири ободиву шукуфоии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Дар ин замина таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки масоилҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, вазъи воқеии ҳаёти ҷавонон, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва бартараф кардани мушкилоти ҷавонон дар кишвар, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон андешидани тадбирҳо оид ба ташаккули заминаҳо барои таъмини манфиатҳои ҷавонон ва фаро гирифтани онҳо бо хизматрасониҳои гуногуни алоқаманд ба худамалисозӣ дар шароити ҷомеаи муосир, таъсиси муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ва баррасии дигар масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон ҳалли худро ёбанд. Дар ин раванд мо марҳила ба марҳила тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда истодаем.

Ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки сиёсати давлатии ҷавонон сиёсатест, ки татбиқи он аз сохторҳои гуногуни ҳукумативу ҷамъиятӣ фаъолияти муштарак тақозо менамояд. Дар ҳамин замина, аъзои Шӯро аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории алоқаманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон интихоб шудаанд, ки масъулияти аъзоён бояд дар татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатии ҷавонон дучанд боло бошад, зеро инкишофи маънавию ҷисмонии ҷавонон ва нерӯи солими онҳо барои давлату миллат омили муҳим аст.

Рӯй овардан ба илм, илмомӯзӣ ва бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон  қадами устувор мегузорад.

«Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза ва рушду тараққиёти илми муосир ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шуд.

Дар ин раванд, амалӣ намудани ин иқдом, ҳамчун таҳкимбахши рушди воқеии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва сайқал додани ҷаҳонбинии илмӣ вазифаи ҳар фарди худогоҳу худшинос, тамоми зинаҳои таҳсилот ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва аҳли зиёи мамлакат мебошад»,- изҳор дошт муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиш.

Мавсуф мегӯяд, ки “мо бояд омӯзиши муқаддимаи табиатшиносиро аз боғчаи кӯдакон шурӯъ намуда, дар тамоми зинаҳои минбаъдаи таҳсилот омӯзиши асосҳои табиатшиносии муосирро барои тамоми соҳаҳо ва ихтисосҳо ба роҳ монем, стандарт ва нақшаву барномаҳои таълимиро бо дарназардошти  бартарӣ додан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҷдиди назар намоем, муассисаҳои таълимиро бо асбобҳои аёнӣ ва лавозимоти озмоишгоҳии муосир таъмин созем.

Дар баробари ин, бояд ҷавонони мо ҳамқадами замон бошанд ва аз имконияту шороити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати кишвар  мақсаднок истифода бурда, тафаккури техникии худро боз ҳам баланд бардоранд”.

Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030 имкон фароҳам меоранд, ки мо минбаъд низ механизми сиёсати давлатии ҷавононро боз ҳам беҳтар ба танзим дароварда, нақш ва мавқеи ҷавононро дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар устувор гардонем.

-Ҳадафи асосии мо, пеш аз ҳама, тарбия намудани насли худшиносу худогоҳ, донишманду созанда, соҳибмаълумоту соҳибкасб ва бо ин роҳ ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои ҷомеаи ояндаи Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз зарур аст, ки тамоми масъулияти хешро ҷиҳати тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкорона, аз байн бурдани таҳдидҳои замони муосир, ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таҳсили илм фаро гирифтани ин насли меҳнатдӯсту қавиирода дар ҷомеа равона созем,-гуфт дар хатми суҳбат муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода.

 Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 23, 2021 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»