Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 11 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.
Меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарият ва намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд бо риояи анъанаю суннатҳои хоси ҳамсоягӣ, дӯстию рафоқат ва меҳру муҳаббат, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду давлат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи навро оғоз бахшид.
Соли 2018 гузаргоҳҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид. Мулоқотҳои дуҷониба ва гуфтушунидҳо, сафарҳои давлатии сарони ҳар ду давлат, имзои созишномаҳо дар бораи шарикии стратегӣ миёни кишварҳои дӯсту бародар ва таъмини рафтуомади озоди шаҳрвандон ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, гуманитарӣ ва илмӣ-фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон замина гузоштааст.
Дар доираи созишномаҳои байнидавлатӣ робитаҳои минтақавии вилоятҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногун инкишоф меёбанд.
Дар назар аст, ки роҳбарони ҳар ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни сафар аз корхонаҳои саноатӣ, иншооти энергетикӣ, мавзеҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал меоранд ва бо намояндагони доираҳои саноатию тиҷоратӣ, соҳибкорӣ, аҳли илму фарҳангу зиёи вилоят мулоқоту суҳбатҳо анҷом медиҳанд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд






