Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
ДУШАНБЕ, 10.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом — Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо аксҳои Сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идона ороста шуд.
Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.
Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо дар фурудгоҳ сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои шарикии стратегии кишварҳо, мусоидат хоҳад кард.
Истиқболи гарму самимии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз фурудгоҳи байналмилалӣ то Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи сокинони меҳмоннавози пойтахт дар хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе, ки барои истиқбол сабзу гулпуш ва симои идона дошт, идома ёфт.
Бояд гуфт, ки мардуми шарафманди тоҷик бо анъанаҳои неки меҳмоннавозӣ дар олам шуҳрати хоса доранд. Ҳамин аст, ки ин навбат низ Сарвари кишвари дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистонро бо шиорҳо, парчамҳои ду давлат бо шукуҳи хоса истиқбол гирифтанд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






