Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Абдулло»-и ноҳияи Данғара ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалла оғоз бахшиданд

Июнь 17, 2021 11:32

ДУШАНБЕ, 17.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Абдулло”-и ноҳияи Данғара ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалла оғоз бахшиданд.

Хоҷагии деҳқонии “Абдулло” дар деҳоти Сафобахш ҷойгир буда, соли 2005 таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 88 гектар замини обӣ ва 46 саҳмдор дорад. Саҳмдорони хоҷагӣ ҳар қитъа заминро бо самар истифода бурда, ҳамасола ҳосили хуби маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалла ба даст меоранд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар мавсими кишти тирамоҳӣ кишоварзони хоҷагӣ дар масоҳати 40 гектар гандуми навъи “Алекс” ва “Краснодар-99” кишт гузаронданд ва акнун, умед доранд, ки аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 35-40 сентнерӣ гандум рӯёнанд. Ба гуфти хоҷагидорон боду ҳавои мусоиди имсола ба ҳосилнокии ғалла ва дигар навъи маҳсулот таъсири мусбат расондааст. Дар хоҷагии деҳқонии “Абдулло” дар баробари ғаллакорӣ, дар 5 гектар ҷав, 30 гектар пахта, 2 гектар полезӣ, 1 гектар картошка, 2 гектар зироати равғандеҳи маъсар ва дар 2 гектар юнучқа барои хӯроки чорво кишт карда шудааст.

Дар 8 гектар боғ бунёд шудааст, ки дар он дарахтони ҳосилдеҳ, аз ҷумла себу нок, нашпотӣ, гелосу олу ва бодом мавҷуд аст. Кишоварзон нақша доранд, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосили гандум дар кишти такрорӣ ҷуворимакка коранд. Айни замон пахтаи хоҷагӣ нашъунамои хуб дошта, кишоварзон чигити навъи “Флеш” ва “Флора” кишт кардаанд. Интизор меравад, ки аз ҳисоби интихоби тухмии баландсифат дар мавсими ҷамъоварии ҳосил пахтаи фаровон низ ба даст оварда шавад.

Ба иттилои маъсулон дар ҳудуди деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара 315 адад хоҷагии деҳқонӣ, аз ҷумла 8 кооперативи тиҷоратӣ мавҷуд аст. Заминҳои умумии деҳот 3 ҳазору 5 95 гектарро дар бар гирифта, 1 ҳазору 870 гектари онро замини корами обӣ ташкил медиҳад. Аз ин шумора 182 гектар, аз ҷумла 70 гектар замини обӣ ба хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ шомил аст. Аҳли заҳмати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара бештар ба ғаллакорӣ машғул буда, имсол дар масоҳати 1 ҳазору 506 гектар замин гандум кишт карда, имрӯзҳо маъракаи ҷамъоварии ҳосил бо маром идома дорад. Деҳқонон ҳосили дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезиро низ ҷамъоварӣ доранд, то дар ғанӣ гардондани сабади истеъмолии ҷумҳурӣ ҳиссагузор бошанд.

Кулли сокинони мамлакат дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба истифодаи босамари замин, аз ҷумла қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба хушнудӣ пазируфта, ҳамасола аз ҳар як қитъа замин то 3 ҳосил ба даст оварда, барои солҳои минбаъда маҳсулоти ғалладонагӣ ба монанди гандум, наску нахуд, мошу лубиё ва дигар навъи зироатро захира менамоянд.

Ин таҷриба дар ҳудуди ноҳияи Данғара баръало ба назар мерасад. Таҷрибаи зиёди заминдорӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ дар вақти кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ рӯёнида шуда, фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ таъмин карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки кишоварзони ботаҷрибаи ноҳияи Данғара ҳамасола аз ҳисоби кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзишманд мегузоранд.

Боздид аз ҷамъоварии ғалла дар хоҷагии деҳқонии “Абдулло”-и деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара 17.06.2021

Июнь 17, 2021 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд