Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» дар Кохи Борбад
ДУШАНБЕ, 10.06.2021. / АМИТ «Ховар»/. 10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ», ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қаноатмандию нишоти худ ва мардуми Тоҷикистонро аз ташрифи расмии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон изҳор намуда, натиҷаҳои онро қадами муҳиму устувор дар роҳи таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстии мардумони мо аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд бо талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонад.
Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.
Дар баромади худ Сарони давлатҳо инчунин оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.
Макони баргузории чорабинии фарҳангӣ — толори Кохи Борбад бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардумони ба ҳам дӯсти ду кишвари ҳамсоя фазои тозаи идона дошт.
Баъди суханронии сарони давлатҳо чорабинии фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, идома ёфт.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон






