Қаҳҳорзода ва Ардакиён рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эронро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ ва саноат дар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакиён дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус Вазорати молияи кишвар итилоъ медиҳад.
Мусоҳибон доир ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.
Бояд зикр кард, ки Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакиён, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо як ҳайат ба Тоҷикистон омадааст.
Акс аз Вазорати молия








БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд






