Қаҳҳорзода ва Ардакиён рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эронро баррасӣ намуданд

Июнь 8, 2021 09:22

ДУШАНБЕ, 08.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ ва  саноат  дар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакиён дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус Вазорати молияи кишвар итилоъ медиҳад.

Мусоҳибон доир ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Бояд зикр кард, ки Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакиён, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо як ҳайат ба Тоҷикистон омадааст.

Акс аз Вазорати молия

Июнь 8, 2021 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд