ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шуғнон зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода мешавад

Июнь 8, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром ҷараён дорад.Аз ҷумла,  аз ҷониби ширкати Помир Энерҷӣ дар деҳаи Танги ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии назди НОБ-и «Помир -1» дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқӣ моҳи октябри соли 2020 оғоз гардида, мутобиқи нақша моҳи августи соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмону васлкунии дар зеристгоҳи барқии мазкур раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода боздид ба амал оварда, иқдоми ширкатро беҳтарин иқдом дар самти амалигардонии дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Раиси ноҳия ҷиҳати зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва васлу насби трансформатори зеристгоҳи барқии нав ба масъулини шабакаҳои барқии ноҳия дастуру тавсияҳои иловагӣ дод.

Навсозии зеристгоҳҳои болозикр имкон фароҳам меоварад, ки шиддатнокӣ дар шабакаҳои барқии минтақа устувор, сарбории трансформаторҳо муътадил ва сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ин зеристгоҳҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ гарданд.

Ногуфта намонад, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ иқдоми бузурги созандагӣ пеш гирифта шуд, ки дар доираи он бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон нерӯгоҳи барқӣ “Помир 1” навсозӣ гардида, зеристгоҳҳои барқӣ низ аз нав таҷдиду барқарорсозӣ шуданд, ки сифати таъминоти нерӯи барқ ба аҳолӣ боз беҳтару хубтар гардид.

АКСҲО аз МИҲД-и н. Шуғнон

Июнь 8, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд