Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсуху
ДУШАНБЕ, 12.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсуху барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо беҳтарин таманниёт Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи Президенти Муғулистон табрик менамоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманди густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо Муғулистон мебошад.
Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон назари нек дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона талош варзем.
Изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо бо саъйю кӯшишҳои муштарак муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории миёни ду давлати ба ҳам дӯсти моро минбаъд ҳам пеш бурда, бо мӯҳтавои нав ғанӣ хоҳем гардонид.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу саодат ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти Президенти кишвар комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Муғулистон пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».








Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз






