Барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дар пойтахт Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ» Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба шиноварӣ байни мардон ва занон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур 26 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Душанбе иштирок намуда, он дар ду марҳила гузаронида мешавад. Марҳилаи аввал миёни варзишгарони касбӣ ва марҳилаи дуюм миёни кормандони вазорату кумитаҳо доир мегардад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кушодашавии мусобиқаи мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндаи Федератсияи шиноварии Тоҷикистон Ориф Ҷӯраев, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, Директори МД «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов ва муовини Директори Қасри теннис Алисомон Алиаҳмадзода иштирок доштанд.
Мавсума Муинӣ гуфт, ки ҳадафи асосии чорабинии мазкур ташвиқ, тарғиб ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, рушди варзиши шиноварӣ дар кишвар ва сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Қабл аз баргузории ин мусобиқа Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо мураббиёни намуди шиноварӣ, ки масъулияти дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаро ба уҳда доранд, бо намояндагони дастаҳои иштирокчӣ мулоқот намуда, тартибу низом ва мақсаду ҳадафҳои асосии мусобиқаи мазкурро ба ҳозирин шарҳ доданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибонро туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» интизор аст.










Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид






