Дар «Боғи Ирам» даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» баргузор шуд

Июнь 14, 2021 09:16

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан  иттилоъ  додем, 12 июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт  даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» баргузор гардид.  Дар озмун  ҳунармандон,  намояндагони вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ, сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмуни мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода иштирок доштанд.

Дар ифтитоҳи озмун зикр шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар саросари  мамлакат  садҳо коргоҳу корхонаҳои хурд, марказҳои омӯзишӣ ифтитоҳ гардида, барои тақвияти пояҳои ҳунармандии кишвар хизмат мекунанд. Ҳамзамон марказҳои ҳунармандӣ ва литсейҳои касбӣ – техникӣ ба наврасону ҷавонон аз рӯи 14 самт ва 97 ихтисос ҳунар меомӯзонанд, ки дар озмуни мазкур устодон ва хонандагони ин муассисаҳо низ ширкат варзиданд.

Соли равон  боз 47 Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир дар назди муассисаҳои таълимии вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ   ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки аз рӯи 50 номгӯи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ хоҳишмандонро ба омӯзиш ҷалб менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини ҳунари кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ, кундалнигорӣ ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои миллӣ, эҳёи дигарбораи ҳунарҳои мардумӣ, шинохт ва арҷгузорӣ ба заҳмати ҳунармандон, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва аз ин тариқ муайян намудани ҳунармандони моҳир ва ҳавасманд гардонидани онҳо дар даврҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.

Дар интиҳои чорабинӣ ғолибон аз рӯи 4 номина муайян гардида, ба ғолибони даври ниҳоӣ ва иштирокчиёни фаъоли он «Диплом», «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Июнь 14, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд