Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд

Ноябрь 1, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.  3 то 5 ноябр дар шаҳри Лондон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» баргузор мегардад, ки дар он иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррфӣ мегардад.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар асоси сиёсати созанда ва дарҳои кушода, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими муаррифии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Дар ин раванд, Кумита бо ҷалби шарикони дохиливу хориҷӣ барои муаррифии имкониятҳои мамлакат, тақвияти ҳамкорӣ бо бозорҳои нави сайёҳӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

«World Travel Market»  аз бузургтарин чорабиниҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон буда, соли равон иштироки беш аз 180 давлат, 40 ҳазор ширкату меҳмонхона, мутахассисон ва дигар субъектҳои хизматрасон дар соҳа дар он назар аст.

Бояд таъкид намуд, ки  «World Travel Market — 2026» метавонад ҳамчун майдони муҳими густариши робитаҳо бо ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ, муаррифии хатсайрҳои нав, баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар шаклҳои тиҷоратии «B2B» ва «B2C» ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҷалби сайёҳон мусоидат кунад. 

Ноябрь 1, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид