Дар Душанбе Толори намоишгоҳи миллии доимоамалкунандаи «Made in Uzbekistan» ифтитоҳ ёфт

Июнь 17, 2021 11:16

ДУШАНБЕ, 17.06.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар пойтахти Тоҷикистон Толори намоишгоҳи миллии «Made in Uzbekistan» ифтитоҳ ёфт, ки дар он истеҳсолкунандагони 15 соҳаи  Ӯзбекистон маҳсулоти худро пешкаш карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар доданд.

Масоҳати толор, ки дар Душанбе ба таври доимӣ фаъолият мекунад, 600 метри мураббаъро ташкил дода,  номгӯи  молҳо  намунаи  маҳсулоти кишоварзӣ,  саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, бофандагӣ, либоси тайёр, лавозимоти чармӣ ва пойафзол барои истифодаи  гуногун, матоъҳо ва маҳсулоти абрешимӣ,  электроника, асбобҳои рӯзгор, мебел, сантехника ва ҷавоҳиротро дар бар мегирад.

Толор ба ғайр аз намоишгоҳ будан, ҳамзамон  барои гуфтушунидҳо ва роҳандозии робитаҳои мустақим байни истеҳсолкунандагон ва муштариён замина мегузорад. Дар ин ҷо бо назардошти заминаи ашёи хоми маҳаллӣ ва талаботи бозор дурнамои рушди ҳамкории саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак баррасӣ мегарданд.

«Бозори Тоҷикистон, ба гуфтаи истеҳсолкунандагони ӯзбекистонӣ, имконоти хуби рушд дорад. Аллакай дар рӯзҳои аввали намоишгоҳ (намоиш – тавзеҳи АМИТ «Ховар») таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон — ҳам харидорон ва ҳам шарикони эҳтимолии тиҷорат ба назар мерасад, — нигоштааст AN Podrobno.uz. -Баъзе аз истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонӣ ва маснуоти чармӣ аллакай дар бораи интиқоли маҳсулот ба Тоҷикистон созишномаҳои пешакӣ ба даст оварданд — шартномаҳои содиротии мустақим дар ояндаи наздик ба мувофиқа мерасанд.»

Намоишгоҳ  ҳамчун василаи муассир барои   рушди муносибатҳои тиҷоратии байни Тоҷикистону  Ӯзбекистон ва шинос намудани доираҳои тиҷоратии тоҷик бо иқтидори саноатии кишвари ҳамсоя  нигаронида шудааст.

Аксҳо аз манбаъҳои боз

Июнь 17, 2021 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид