Дар Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаҳо ба тасвиб расиданд
ДУШАНБЕ, 09.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, якчанд созишномаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расониданд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, инҳо аз ҷумла Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон», Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе», Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе», Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе», Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Дар бораи мактуб-созишномаи Гранти Фонди трастии донории бисёрҷонибаи Барномаи рушди ҳамкорӣ ва савдо дар Осиё (БРҲСО) барои лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, Дар хусуси «Илова ба Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон (D604-TJ)», Созишномаи маблағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) ва Созишномаи маблағгузорӣ (маблағгузории дуюми иловагӣ барои Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд мебошанд.
Созишномаҳои мазкурро масъулини соҳа — вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Мавзуна Шамсидинзода, Музафарҷон Маҳмудзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Бахтиёр Аҳмадзода ва Фозил Обидзода ба вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифӣ намуданд.
АКСҲО аз бойгонӣ








Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд






