Дар Рашт конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода — мунодии сулҳу дӯстӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Мирзо Турсунзода –мунодии сулҳу дустӣ» дар ноҳияи Рашт конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардид.
Тавре аз шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, конфронси мазкур ҷиҳати татбиқи амалии дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти 110 –солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Рашт бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва аҳли қалам доир шуд.
Дар кори конфронс муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева, доктори илми фалсафа, профессор Фирӯза Турсунзода, ходими ҷамъиятию давлатӣ Майсара Калонова, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони восиаҳои ахбори омма ва дигарон ширкат доштанд.
Нахуст иштирокчиёни конфренсия аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва асарҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дидан намуданд.
Конференсия дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт идома ёфт, ки дар он раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ноҳияҳои Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», кормандони касбу кори гуногун ва сокинони заҳматқарину шарафманди ноҳияи Рашт ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизода зикр намуд, ки “мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Ин ҷашн ва рӯҳияи тавонои созандагӣ дар саросари мамлакат устувории сулҳу ваҳдат ва муттаҳидии мардуми шарифамонро ба таври муътамад собит сохт. Ҷашнвораи имрӯза, ки ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ, устод Мирзо Турсунзода барпо мегардад, метавон идомаи мантиқии тантанаҳои истиқлолияти давлатиамон арзёбӣ кард. Тавре Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ба ҳайси Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт. Хизмату талошҳои ӯ мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқҳои ҷаҳон беш аз пеш ҷилвагар мегардад. Ӯ барҳақ «Қаҳрамони Тоҷикистон» эътироф гардидааст. Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».
Зимни маърӯзаи худ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зикр намуд, ки «Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст. Агар ҷараёни зиндагии ӯро аз ибтидо то охир аз назар гузаронем, равшан мебинем, ки он намунаи олии пайванди шоир бо ҳаёти халқ мебошад. Шоир аз мавзӯъҳои миллӣ то масоили байналмилалӣ изҳори андеша карда, шеъру достон, асарҳои саҳнавӣ, филмномаҳо, мақолаҳои илмиву адабии худро ба нерӯи азими маънавӣ мубаддал намуд. Дар давоми беш аз сад соли охир бузургоне, монанди устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва садҳо алломагону бузургмардон арзи ҳастӣ намуданд ва устод Мирзо Турсунзода дар пешгоҳи ин симоҳои мунири таърихӣ қарор дорад».
Таъкид гардид, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамчун фарзанди номдори халқи тоҷик дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ, дар давлатҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, Миср, Ироқ, Индонезия, Лубнон, Кипр, Таиланд, Фаронса, Шведсия, Лаҳистон, Булғористон, Финландия, Танзания, Гвинея, Куба, Мексика, ҷумҳуриҳои тобеи Иттиҳоди шӯравӣ ва кишварҳои дигар ширкат ва суханронӣ намуда, ғояҳои олии ҳаётбахши сулҳу дӯстӣ ва озодии инсониятро тараннум намудааст.
-Устоди тавонои сухан аз ибтидои роҳи эҷодӣ ҳамнафасу ҳамқадами халқи сарбаланд буда, тавассути шеъру достонҳояш сохтмонҳои бузург, рушди шаҳру деҳот, раванди тараққиёти саноату истеҳсолот, шодоб кардани дашту биёбонҳои ташналаб, бунёди роҳҳо, мактабу маориф, донишкадаву донишгоҳҳо, Академияи илмҳо, таъсиси муассисаҳои фарҳангию ҳунарӣ ва кулли дигаргуниҳои чашмраси замонро шоирона истиқбол кардааст.
Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ
Чун ба иқлими Ватан бисёр одат карда буд.
Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд,
Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.
Аз ин хотир, бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки имрӯз дар ноҳияи Рашт конференсияи ҷумҳуриявии илмию адабиро таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – мунодии сулҳу дӯстӣ» бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва аҳли зиёи мамлакат баргузор намояд-гуфт номбурда ва илова кард, ки мероси гаронбаҳои адабии Мирзо Турсунзода дар давраи мо ба муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти халқ ва давлат ҷавобгӯ мебошад. Шеъри ӯ ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва бо қалбҳои мо ҳамсадо мешавад.
Фарзанди устод Мирзо Турсузода, доктори илми фалсафа, профессор Фирӯза Турсунзода, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикиситон Гулрухсор Сафиева, ходими ҷамъиятию давлатӣ Майсара Калонова ва декани факултаи забонҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Бахтиёр Муродов дар конференсия маърӯза намуданд.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ бахшида ба 110 — солагии Мирзо Турсунзода бо пешкаш намудани барномаи фарҳангӣ аз ҷониби кормандони Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт, ки дар асоси осори пурғановати адабию фарҳангии шоир таҳия гардидааст, идома ёфт.
Чунин ҳамоиши сатҳи баланд ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти “Ҳоит”-и ноҳияи Рашт бо иштироки меҳмонони номбурда доир карда шуд.
АКСҲО: КИМ ҲХДТ










Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад






