Дар Рашт конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода — мунодии сулҳу дӯстӣ» баргузор гардид

Июнь 23, 2021 16:30

ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти  унвони «Мирзо Турсунзода –мунодии сулҳу дустӣ» дар ноҳияи Рашт конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

Тавре аз шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, конфронси мазкур  ҷиҳати татбиқи амалии дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти 110 –солагии  Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Рашт  бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва аҳли қалам доир шуд.

Дар кори конфронс муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева, доктори илми фалсафа, профессор Фирӯза Турсунзода, ходими ҷамъиятию давлатӣ Майсара Калонова, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони восиаҳои ахбори омма ва дигарон ширкат доштанд.

Нахуст иштирокчиёни конфренсия аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва асарҳои Пешвои миллат,  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дидан намуданд.

Конференсия дар  Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт идома ёфт, ки дар он раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ноҳияҳои Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», кормандони касбу кори гуногун ва сокинони заҳматқарину шарафманди ноҳияи Рашт ширкат варзиданд.

Раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизода зикр  намуд, ки “мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Ин ҷашн ва рӯҳияи тавонои созандагӣ дар саросари мамлакат устувории сулҳу ваҳдат ва муттаҳидии мардуми шарифамонро ба таври муътамад собит сохт. Ҷашнвораи имрӯза, ки ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ, устод Мирзо Турсунзода барпо мегардад, метавон идомаи мантиқии тантанаҳои истиқлолияти давлатиамон арзёбӣ кард. Тавре Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ба ҳайси Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт. Хизмату талошҳои ӯ мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқҳои ҷаҳон беш аз пеш ҷилвагар мегардад. Ӯ барҳақ «Қаҳрамони Тоҷикистон» эътироф гардидааст. Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».

Зимни маърӯзаи худ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зикр намуд, ки «Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст. Агар ҷараёни зиндагии ӯро аз ибтидо то охир аз назар гузаронем, равшан мебинем, ки он намунаи олии пайванди шоир бо ҳаёти халқ мебошад. Шоир аз мавзӯъҳои миллӣ то масоили байналмилалӣ изҳори андеша карда, шеъру достон, асарҳои саҳнавӣ, филмномаҳо, мақолаҳои илмиву адабии худро ба нерӯи азими маънавӣ мубаддал намуд. Дар давоми беш аз сад соли охир бузургоне, монанди устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва садҳо алломагону бузургмардон арзи ҳастӣ намуданд ва устод Мирзо Турсунзода дар пешгоҳи ин симоҳои мунири таърихӣ қарор дорад».

Таъкид гардид, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамчун фарзанди номдори халқи тоҷик дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ, дар давлатҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, Миср, Ироқ, Индонезия, Лубнон, Кипр, Таиланд, Фаронса, Шведсия, Лаҳистон, Булғористон, Финландия, Танзания, Гвинея, Куба, Мексика, ҷумҳуриҳои тобеи Иттиҳоди шӯравӣ ва кишварҳои дигар ширкат ва суханронӣ намуда, ғояҳои олии ҳаётбахши сулҳу дӯстӣ ва озодии инсониятро тараннум намудааст.

-Устоди тавонои сухан аз ибтидои роҳи эҷодӣ ҳамнафасу ҳамқадами халқи сарбаланд буда, тавассути шеъру достонҳояш сохтмонҳои бузург, рушди шаҳру деҳот, раванди тараққиёти саноату истеҳсолот, шодоб кардани дашту биёбонҳои ташналаб, бунёди роҳҳо, мактабу маориф, донишкадаву донишгоҳҳо, Академияи илмҳо, таъсиси муассисаҳои фарҳангию ҳунарӣ ва кулли дигаргуниҳои чашмраси замонро шоирона истиқбол кардааст.

Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ

Чун ба иқлими Ватан бисёр одат карда буд.

Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд,

Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.

Аз ин хотир, бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки имрӯз дар ноҳияи Рашт конференсияи ҷумҳуриявии илмию адабиро таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – мунодии сулҳу дӯстӣ» бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва аҳли зиёи мамлакат баргузор намояд-гуфт номбурда ва илова кард, ки  мероси гаронбаҳои адабии Мирзо Турсунзода дар давраи мо ба муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти халқ ва давлат ҷавобгӯ мебошад. Шеъри ӯ ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва бо қалбҳои мо ҳамсадо мешавад.

Фарзанди устод Мирзо Турсузода, доктори илми фалсафа, профессор Фирӯза Турсунзода, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикиситон Гулрухсор Сафиева, ходими ҷамъиятию давлатӣ Майсара Калонова ва декани факултаи забонҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Бахтиёр Муродов дар конференсия маърӯза  намуданд.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ бахшида ба 110 — солагии Мирзо Турсунзода бо пешкаш намудани барномаи фарҳангӣ аз ҷониби кормандони Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт, ки дар асоси осори пурғановати адабию фарҳангии шоир таҳия гардидааст, идома ёфт.

Чунин ҳамоиши сатҳи баланд ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти “Ҳоит”-и ноҳияи Рашт бо иштироки меҳмонони номбурда доир карда шуд.

 АКСҲО: КИМ ҲХДТ

Июнь 23, 2021 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид