Дар шаҳри Хоруғ даври шаҳрии озмуни “Илм Фурӯғи маърифат” оғоз ёфт

Июнь 12, 2021 09:31

ХОРУҒ,12.06.2021 /АМИТ “Ховар”/. Дар шаҳри Хоруғ  даври дуюми озмуни  «Илм фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Даври аввали он дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, касбию олӣ доир шуд ва 198 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Ҳайати ҳакамон, ки 11 нафарашон номзади илм мебошанд, дар давоми се рӯз дониши хатию шифоҳӣ, корҳои амалии онҳоро дар соҳаҳои геология, химия, физика, технологияи муосири коммуникатсия ва навоварӣ дар соҳаи кишоварзиро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Муовини раиси шаҳр Элчай Муродбекова гуфт, Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз Пайёмҳои навбатӣ  солҳои 2020-2040-ро  20 солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карданд. Мақсади асосӣ аз ин ибтикори Сарвари давлат истифода ва тавсеаи ҳарчӣ бештари   технологияи муосир дар  соҳаҳои мухталифи иктисоди миллӣ, ташаккули  тафаккури техникии  насли ҷавони кишвар аст.

Озмуни ҷумҳуриявии  «Илм фурӯғи маърифат» дар тақвияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ ва бозёфти истеъдодҳои нав нақши муассир мегузорад. Озмун дар бинои навбунёди муассисаи таълимии рақами ҳаштуми шаҳр доир гардида,  барои довталаби ҳар як наминатсия утоқи алоҳида ва муҷаҳҳаз бо асбобҳои аёнии таълимӣ ҷудо шудааст. Барои анҷом додани корҳои таҷрибавӣ- амалӣ шароиту имконият мусоид фароҳам оварда шудааст.

Озмун  чаҳор рӯз давом ёфта, ғолибон  соҳиби ифтихорнома, мукофотҳои пуливу молӣ ва роҳхат ба озмуни ҷумҳуриявӣ мегарданд.

Июнь 12, 2021 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд