Фестивал-намоишгоҳи нуҳуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» баргузор мегардад

Июнь 6, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 06.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 июни соли  равон дар майдони «800 солагии Москав»-и назди Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ»-и пойтахт   Фестивал-намоишгоҳи нуҳуми автомобилҳои коллексионии «Авто — ретро Душанбе» баргузор мегардад. Фестивал аз соати 16:00  то соати  22:00  идома ёфта,  дар он мошинҳои қадимии истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико ба тамошо гузошта мешаванд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре  аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси шаҳр  Рустами Эмомалӣ масъулинро баҳри дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивали мазкур вазифадор намуда, дастур додааст, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Фестивал –намоишгоҳ ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ мегардад. Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттиҳодияи ҷамъиятии «Клуби дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баргузор мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар Ғарб чунин намоишгоҳҳо-фестивалҳоро «олдтаймер-галлерея» меноманд. «Oldtimer» калимаи англисӣ буда, «қадима, мошини нодир» тарҷума мешавад ва одатан мошинҳоеро, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, ифода мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивал-намоишгоҳи ҳаштуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» 14 сентябри соли 2019  дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, иштирокдорони  он ретро-мошинҳои нодир ва маъруфи  тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожетс», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz», ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, тамошо карда, ҳаловат бурданд. Мавриди ёдоварист, ки нахустин фестивал –намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе» 21 апрели соли  2013  дар  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон   — шаҳри Душанбе   дар  майдончаи назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳ.Шерозии пойтахт  баргузор гардида буд. Паради автомобилҳои коллексионӣ аз кӯчаи Карамов ба самти хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С.Айнӣ ва А. Дониши  пойтахт  гузашта буд.

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Июнь 6, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд