Ифтитоҳи маҷозии иншооти дӯстӣ — Мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустӣ дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон

Июнь 10, 2021 14:37

ДУШАНБЕ, 10.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори сафеди Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ — бинои Мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдомҳои саховатмандонаи сарони давлатҳо аз тарафи Ҳукуматҳои ду кишвар бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мактаби муосири таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар масоҳати 1,5 гектар сохта шуда, аз се ошёна ва синфхонаҳои муосир, варзишгоҳ, толорҳои варзишӣ, синфхонаҳои фаннӣ, ошхонаи барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Ин даргоҳи илму маърифат тӯҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя, бунёд шудааст.

Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Маҷмааи тандурустӣ 19 шуъба дошта, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ки барои ташхиси дақиқу муолиҷаи саривақтии беморон муҳим мебошад.

Бо таъмини чунин шароити муосир акнун сокинон дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кӯмакҳои аввалияи тиббӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як мактаби нав барои шашсаду сӣ ҷой, ки онро дӯстони узбек сохтаанд, ба истифода дода шуд. Сохтмони як муассисаи томактабӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар шаҳри Риштони вилояти Фарғона барои 200 ҷой дар арафаи анҷомёбист.

Ифтитоҳи маҷозии иншооти дӯстӣ - Мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустӣ дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон 10.06.2021

Июнь 10, 2021 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон