Мансур Муҳиддинов довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс аз Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ даъват шуд

Июнь 16, 2021 11:44

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов мусобиқоти боксро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 доварӣ мекунад. Ин рӯйдод бори аввал дар таърихи бокси кишвар аст. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ,  Мансур Муҳиддинов аз ҷониби гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс ба мусобиқаҳои интихобии олимпии Африқо ва Аврупо даъват шуда, маҳорати баланди ҳакамӣ нишон дод ва дар баробари 36 нафар ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 даъват гардид.

Ба гуфтаи Мансур Муҳиддинов, аз кишварҳои ИДМ 5 нафар ба Олимпиада даъват шуданд –  аз Россия, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Тоҷикистон.

Ёдовар  мешавем,ки  Мансур Муҳиддинов соли 1977 таваллуд шуда, аз соли 1991 ба бокс машғул мебошад. Ӯ 10 сол ба ин намуди варзиш шуғл дошт, аз ҷумла 5 сол узви дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс буд ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ аст. Аз соли 2001 ба кори мураббигӣ ва доварӣ гузашт. Мавриди  зикр  аст, ки   Мансур Муҳиддинов соли 2010 ситораи дараҷаи 1-и Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскориро (AIBA) гирифт. Пас аз ҳафт сол имтиҳон супорида, ситораи дараҷаи 2 ва соли 2018 ситораи дараҷаи 3 (довари дараҷаи олимпӣ)-ро ба даст овард.

Июнь 16, 2021 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод