Масъалаи омодагӣ ба вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои аъзои СҲШ дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукотӣ, ки имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат баргузор гардид, масъалаи омодагиҳо ба вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ баррасӣ шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муъминзод изҳор дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ ва Форуми сайёҳӣ Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута нақша-чорабиниҳоро таҳррезӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки 15-16 июли соли равон дар Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назар дошта шудааст, ки дар доираи он баргузории Форуми сайёҳии СҲШ ва Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ пешбинӣ шудааст.
Тибқи иттилои масъулин, рӯзи аввал — 15 июл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад.
Нимаи дуюми ҳаминин рӯз дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки зиёда аз 200 нафар Форуми сайёҳии СҲШ ба кори худ оғоз менамояд.
Рӯзи дуюм -16 июл дар Боғи «Ирам» бо иштироки меҳмонони вохӯрии мазкур Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад.
Ҳамчунин дар Боғи «Ирам» аз ҷониби Вазораи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикситон барои иштирокдорони Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ барномаи фарҳангӣ пешниҳод мешавад.
Иштирокдорони вохӯрии мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчунин дар ин рӯз ба тамошои Қаълаи Ҳисор мераванд.








Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид






