Минтақаи Урал тамоми имконотро дорад, ки дар ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Россия пешсаф гардад
ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода 7 июн бо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар Екатеринбург Александр Харлов мулоқот кард, хабар медиҳад Консулгарии генералии Тоҷикистон.
Мусоҳибон ба масъалаҳои ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои байниминтақавии вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъектҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Урал таваҷҷуҳ карданд.
Қайд карда шуд, ки дар ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи байни минтақавии Тоҷикистон ва Россия, минтақаи Урал тамоми имконотро дорад, ки дар солҳои наздик мавқеи пешсафро касб кунад. Ба ин сафари расмии қарибулвуқӯъи Президенти Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли равон метавонад мусоидат кунад.
Дар ин замина, Александр Харлов ва Зафар Сайидзода дар мавриди суръат бахшидани корҳои муштарак ҷиҳати омода намудани созишномаҳои дахлдори ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар доираи ин сафар мувофиқа карданд.
АКС аз Консулгарии генералии Тоҷикистон








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






