Россия мехоҳад муҳоҷирони Тоҷикистонро аз карантини ҳатмӣ озод кунад

Июнь 4, 2021 10:25

ДУШАНБЕ, 04.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки мушкилоти вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба қаламрави Россия аллакай тобистони имсол ҳал гардад, гуфт вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ Ирек Файзуллин ба РИА «Новости» дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.

«Агар қарорро ман қабул мекардам, ҳамин ҳоло иҷозат медодам (вуруд – тавз.). Ҳоло танҳо гуфта метавонам, ки мо кушиш ба харҷ медиҳем, ки мавсими тобистонро аз даст надиҳем», — тазаккур дод вазир.

Файзуллин илова кард, ки мақомот имкони ба карантини ҳатмӣ фаро нагирифтани муҳоҷирони меҳнатиро, ки ташхиси манфии реаксияи занҷири полимеразӣ (ПТР) доранд, пас аз вуруд ба Россия баррасӣ менамоянд.

Инчунин ба гуфтаи ӯ, корфармоёни калон бояд эмгузаронии коргаронро ташкил кунанд.

Вазир ба мушкили нақлиёт барои вуруди муҳоҷирон низ ишора кард. Пас, ба ақидаи ӯ, парвозҳо аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳафтае як маротиба кифоя нестанд.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ омодаанд, ки баъд аз иҷозати Ситоди оперативӣ оид ба пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Федератсияи Росия шумораи парвозҳоро зиёд намоянд.

Дар ҳамин ҳол, қаблан муовини сарвазир Марат Хуснуллин норасоии муҳоҷиронро дар сохтмонҳо вазъи  ташвишовар  номид.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Россия сабукии қоидаҳои мавҷудаи убури марзро барои хориҷиёне, ки ба Федератсияи Россия барои кор дар бахши сохтмон меоянд, омода мекунанд.

АКС аз манобеи боз

Июнь 4, 2021 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд