Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Имконоти рақамикунонӣ ва рушди ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир» ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин хадамот.
Дар чорабинӣ намояндагон аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул», муассисаҳои бонкӣ ва ташкилоти амонатии қарзии хурд иштирок намуда, роҳҳои густариши ҳамкории байниидоравиро баррасӣ намуданд.
Сардори Хадамоти иҷро Аҳтам Абдуллозода иброз намуд, ки рақамикунонии фаъолияти мақомоти иҷро омили муҳими баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ мебошад. Татбиқи технологияҳои муосир барои иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои судӣ ва дигар санадҳои мақомоти давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон имконияти функсионалӣ ва техникии системаи иттилоотии автоматикунонидаи Хадамоти иҷро муаррифӣ шуда, доир ба автоматикунонии равандҳои истеҳсолоти иҷро ва дурнамои ҳамгироии он бо махзанҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ ва ташкилоти молиявӣ маълумот пешниҳод гардид.
Махсусан масъалаҳои мубодилаи электронии иттилоот бо муассисаҳои бонкӣ ва ташкилоти амонатии қарзии хурд, инчунин истифодаи имконияти рақамии соҳаи нотариат ва низоми бақайдгирии ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки чунин ҳамгироӣ барои муайян намудани дороиҳои қарздорон, дастрасии саривақтӣ ба маълумоти зарурӣ ва баланд бардоштани самаранокии чораҳои маҷбурии иҷро аҳамияти муҳим дорад.
Иштирокдорон доир ба имконияти техникӣ ва ҳуқуқии ҳамгироии системаҳои иттилоотӣ, тартиби мубодила ва ҳифзи маълумот андешаронӣ намуда, барои тақвияти ҳамкории минбаъда пешниҳод манзур карданд.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид






