ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таҳсилоти иловагӣ ҳамчун ҷузъи таркибии низоми маорифи мамлакат дар рушди қобилияту истеъдод, ташаккули ҷаҳонбинӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва омодасозии насли наврас ба зиндагии мустақилона нақши муҳим дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон 84 муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият намуда, дар онҳо 1866 маҳфили гуногуни таълимию омӯзишӣ ташкил гардидааст, ки 77 ҳазору 680 нафар кӯдакону наврасонро фаро мегиранд.
Фароҳам овардани замина барои интихоби касб
Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда шуда, ба инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодӣ, қонеъ гардонидани шавқу рағбат ва эҳтиёҷоти маънавии таълимгирандагон, инчунин фароҳам овардани замина барои интихоби бошууронаи касбу фаъолияти минбаъдаи онҳо равона гардидааст.
Тавре Директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муяссара Давлатзода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, яке аз хусусияти муҳими таҳсилоти иловагӣ дар он ифода меёбад, ки кӯдакону наврасон дар баробари таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ метавонанд дар вақтҳои холии худ дониш ва малакаҳои амалиро аз рӯйи самтҳои гуногун такмил диҳанд. Маҳфилҳои илмӣ, техникӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, кишваршиносӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ барои ошкор намудани истеъдод ва рушди ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо имконияти васеъ фароҳам меоранд.
Таваҷҷуҳи наврасон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои анъанавӣ
Ба иттилои директори марказ, дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии мамлакат 395 маҳфили касбу ҳунаромӯзӣ фаъолият дошта, дар онҳо 17 ҳазору 673 нафар кӯдакону наврасон ба омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта шудаанд.
Самтҳои фаъолияти ин маҳфилҳо асосан бофандагӣ, дӯзандагӣ, муҳрабофӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, попурзанӣ, «Дастони моҳир», ихтироъкорӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиро дар бар мегиранд.
«Таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои анъанавӣ ва муосир сол ба сол бештар гардида, дар баробари ҳунарҳои мардумӣ онҳо ба дӯзандагӣ, қаннодӣ, пазандагӣ, рассомӣ, ороишгарӣ, барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар самтҳои барои бозори меҳнат зарурӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд», -афзуд Муяссара Давлатзода.
Бо мақсади ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба ҳунаромӯзӣ дар муассисаҳо маҳфилҳои омӯзишӣ ташкил гардида, вохӯрию суҳбатҳо бо ҳунармандону мутахассисони соҳибтаҷриба, озмуну намоишҳои ҳунарӣ, семинарҳо, конференсияҳо ва дарсҳои омӯзишии ройгон баргузор карда мешаванд. Ин тадбирҳо ба рушди малакаҳои амалӣ, эҳтиром ба ҳунарҳои миллӣ ва ташаккули қобилияти эҷодии насли наврас мусоидат менамоянд.
Забономӯзӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ҳоло дар 84 муассисаи таҳсилоти иловагӣ 191 маҳфили омӯзиши забони англисӣ бо фарогирии 5210 нафар ва 160 маҳфили омӯзиши забони русӣ бо фарогирии 4780 таълимгиранда фаъолият менамоянд.
Ҳамзамон бо мақсади дарёфт ва дастгирии хонандагони соҳибистеъдод дар самти забономӯзӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявӣ Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин забондон» таҳия гардида, бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2025 тасдиқ шудааст. Тибқи он, озмун ҳамасола дар чор давр байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ баргузор мегардад.
Дар баробари забономӯзӣ рушди тафаккури мантиқӣ, таҳқиқотӣ ва эҷодии хонандагон низ аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳо ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади иҷрои иқдоми «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040» дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои мамлакат 305 маҳфили фанҳои мазкур фаъолият менамояд.
Аз ҷумла, 101 маҳфили химия бо фарогирии 1650 нафар, 55 маҳфили физика бо фарогирии 775 нафар, 75 маҳфили биология бо фарогирии 1925 нафар ва 74 маҳфили математика бо фарогирии 2563 нафар ташкил гардидааст. Шумораи умумии таълимгирандагони ин маҳфилҳо 6 ҳазору 913 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамасола аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявӣ озмунҳои ҷумҳуриявии «Ихтироъкори наврас» ва «Нобиғаи наврас» баргузор карда мешаванд. Озмуни «Ихтироъкори наврас» аз рӯйи номинатсияҳои технологияҳои иттилоотӣ, навоварӣ ва навҷӯӣ, инчунин лоиҳаҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ доир мегардад. Озмуни «Нобиғаи наврас» самтҳои математика, физика, химия ва биологияро фаро мегирад.
Инчунин барои беҳтар намудани сифати таълими маҳфилҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дастури методии «Намунаи барномаҳои таълимӣ барои маҳфилҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ва дастури таълимии «Эталон» барои маҳфилҳои математика таҳия гардида, бо қарори Шурои миллии таҳсилот тасдиқ шудаанд.
Технологияҳои инноватсионӣ ва рушди эҷодиёти техникӣ
Дар шароити рушди босуръати илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ истифодаи усулҳои муосири таълим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши амалӣ аҳамияти махсус дорад.
Дар ин самт бо ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз соли 2017 то ин ҷониб дар 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 67 озмоишгоҳи инноватсионӣ таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидаанд.
Ба иттилои директори марказ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 озмоишгоҳ, вилояти Суғд- 18 озмоишгоҳ, вилояти Хатлон- 22 озмоишгоҳ, шаҳри Душанбе- 3 озмоишгоҳ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16 озмоишгоҳи инноватсионӣ ташкил карда шудааст.
Ҳадафи асосии таъсиси ин озмоишгоҳҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тафаккури техникӣ, қобилияти ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои муосир ва омода намудани кӯдакону наврасон ба ҳаёти мустақилона мебошад.
Ҳамзамон дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 187 маҳфили равияи эҷодиёти техникӣ фаъолият дошта, дар онҳо 6 ҳазору 94 таълимгиранда ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Дар маҷмуъ, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ на танҳо ба пурра намудани донишҳои мактабӣ, балки ба ташаккули малакаҳои ҳаётӣ, касбӣ, эҷодӣ ва иҷтимоии насли наврас равона гардидааст. Фароҳам овардани имконияти васеи омӯзиш, дастгирии истеъдодҳо, рушди ҳунарҳои миллӣ ва татбиқи технологияҳои муосир барои тарбияи насли соҳибмаърифат, соҳибкасб, эҷодкор ва рақобатпазир заминаи муҳим мегузорад. Зеро сармоягузорӣ ба дониш, истеъдод ва ҳунари кӯдакону наврасон сармоягузорӣ ба ояндаи ҷомеа ва рушди устувори мамлакат мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
САНОАТИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ. Он яке аз муҳимтарин бахшҳои саноат мебошад
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Вазъи иқлими сайёра соли 2026 аз меъёр берун меравад






