Рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни КҲФ МГ ва СММ дар самти коҳиши хатари офатҳо баррасӣ шуд

Июнь 22, 2021 10:57

ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн  дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Директори Бюрои минтақавии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид/Ёвари Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Миряна Сполярич Эггер баргузор шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар оғози мулоқот Рустам Назарзода ба хонум Эггер дар бораи самтҳои фаъолият ва усулҳои кори идора, сохтор ва шуъбаҳо, инчунин дар бораи корҳое, ки барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар рух медиҳанд ва бартарафсозии паёмадҳои онҳо маълумот дод.

Илова бар ин, бо таъкид ба сатҳи баланди ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ Раиси КҲФ дар бораи лоиҳаҳои муштараки Кумита ва БРСММ дар солҳои охир дар доираи татбиқи барномаи Рушди КҲФ барои солҳои 2018 – 2022 ва Стратегияи милии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030  ибрози андеша  кард.

Инчунин Раиси КҲФ дар бораи сохтмон ва таҷдиди Маркази миллии таълимӣ оид ба таълим ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҶИА маълумот дод.

Дар навбати худ хонум Эггер барои ин мулоқоти самимӣ ва маълумоти муфассали  пешниҳодшуда изҳори сипос кард ва ба ҳамкории минбаъда ва роҳандозии чорабиниҳои муштарак дар масъалаҳои барои ҷонибҳои манфиатбахш таъкид намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳо ва роҳҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, масъалаҳои омода намудан ва бозомӯзии кормандони  КҲФ – ро барарсӣ намуданд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ  миёни Кумита ва СММ дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед карданд.

АКС: КҲФ

Июнь 22, 2021 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд