Сарони давлатҳои G7 оид ба мубориза бо пандемияҳои нав эъломия қабул карданд

Июнь 14, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сарони давлатҳои Ҳафтгонаи бузург (G7) дар саммите, ки дар Британияи Кабир сурат гирифт, Эъломияи Карбис-Бей дар бораи саломатиро қабул карданд, ки дар он ваъда медиҳанд, ки барои пешгирии пандемияҳои харобиовари нав дар оянда ҳамкорӣ хоҳанд кард. Дар ин бора агентии ТАСС бо истинод ба санаде, ки пас аз саммити G7 интишор шуд, хабар медиҳад.

Дар муҳокимаҳои санад ба ҷуз сарони Британияи Кабир, Германия, Италия, Канада, ИМА, Франсия ва Япония, инчунин роҳбарони Австралия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея ва Африқои Ҷанубӣ низ, ки ба саммит даъват шуда буданд, ширкат варзиданд.

Санади тасдиқшуда чораҳо оид ба мубориза бо пандемияҳои нав, ба монанди паҳншавии кунунии коронавирусро дар бар мегирад.

Муқаррароти асосии эъломия ваъдаи сарони давлатҳои G7 мебошад, ки вақти эҷоди ваксинаҳо алайҳи бемориҳои сироятии нав, аз ҷумла таҳия ва иҷозатномадиҳиро то 100 рӯз кам мекунад.

Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки маҳз ин 100 рӯзи аввал аз лаҳзаи ошкор шудани таҳдиди эпидемикӣ барои тағйир додани самти он ва пешгирӣ аз пандемия гардидани вазъ аҳамияти ҳалкунанда доранд.

АКС аз  france24.com

Июнь 14, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд