Сокинони деҳаи Обшорони шаҳри Кӯлоб соҳиби бунгоҳи тиббии муосир гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Обшорони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатон як бунгоҳи тиббӣ муҷаҳҳаз бо муосиртарин дастгоҳи соҳавӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон дар ин рӯз бо ҳузури мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳавӣ зиёда аз 50 навзод аз амалиёти хатна гузаронида шуданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ба истифодадиҳии бинои бунгоҳи тиббӣ аҳолии деҳа иштирок намуда, онҳо аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо корҳои ободониву навсозӣ ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ дар баробари дигар соҳаҳои муҳим идора доранд, ки чунин иқдоми наҷиб заминаи рушди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ хоҳад буд.
АКСҲО аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии ҶТ









Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






