Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Шоми дӯстӣ» бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Июнь 10, 2021 21:30

10.06.2021, шаҳри Душанбе

Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бародари азиз, муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев!

Дӯстони арҷманд ва меҳмонони гиромӣ!

Шодем, ки имрӯз бародар ва дӯсти азизи мо – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев меҳмони олиқадри мо мебошанд.

Бо камоли хушҳолӣ аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонони азизи ӯзбекистониро хушомадед мегӯям:

Ҷаноби Олийлари, Ӯзбекистон Республикасининг Президенти, Шавкат Миромонович Мирзиёев!

Тожикистонга хуш келибсиз!

Қадам ларин гизга ҳасанот!

Шавкат Миромоновичи арҷманд,

Дӯстони азиз,

Таърихи муносибатҳои халқҳои тоҷику ӯзбек решаҳои амиқ ва анъанаҳои пуршарафи ҳамсоягии нек, дастгирии тарафайн ва кӯмаки якдигарро дорад.

Дар давраи тӯлонии таърихӣ байни гузаштагони мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ҳамбастагӣ ба амал омад.

Натиҷаи ин раванди таърихӣ қаробати рӯҳию равонӣ, дар зеҳни бисёре аз наслҳои мо амиқ реша давондани арзишҳои муштараки ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Таърих нишон медиҳад, ки зиндагии якҷоя дар фазои ягонаи фарҳангӣ ва тамаддун омили ба ҳам наздик шудани халқҳои мо шудааст.

Гузаштагони мо дар рушди илм, назм ва насри ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд.

Онҳо шаҳрҳо ва иншооти меъмории хусусияти тамаддунидошта бунёд карданд.

Моро мероси бои маънавӣ ва фарҳангии дар тамоми ҷаҳон эътирофшуда муттаҳид месозад.

Мероси бойи халқҳои мо ба зиммаи мо — сиёсатмадорон, вазифа мегузорад, то муносибатҳоеро, ки ниёгонамон барқарор кардаанд, ҳифз ва афзун намоем, фазои дӯстию ризоиятро барои наслҳои оянда аз ҳар ҷиҳат, ба мисли Мавлоно Абдураҳмон Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ таҳким ва ғанӣ гардонем.

Асосгузори адабиётҳои муосири тоҷику ӯзбек устод Садриддин Айнӣ чунин гуфта буд: » Ҷомӣ ва Навоӣ дар муносибат ба мушкилоти асосии замони худ ҳамфикр буданд ва онҳоро бо дастгирии тарафайн ҳал мекарданд».

Дӯстони азиз,

Ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва дастгирии халқҳои мо, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавонистанд муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои худро ба сатҳи сифатан нав бароранд.

Миёни кишварҳои мо сатҳи олии муносибатҳои байнидавлатӣ — шарикии стратегӣ ба роҳ монда шудааст.

Имрӯзҳо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон собитқадамона пеш мераванд, муносибатҳои худро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бомаром рушд медиҳанд.

Дар як муддати кӯтоҳ мо на танҳо масъалаҳои ба назар ҳалнопазирро, ки дар тӯли солҳо ҷамъ шуда буданд, бартараф кардем, балки фазои эътимод ва ҳамкориро дар хонаи муштараки худ — Осиёи Марказӣ тақвият бахшидем.

Дар ин кор хидмати шахсии дӯст ва бародари азизи ман, муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев, ки барои таъмини пешрафти босифат дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон тамоми шароити заруриро фароҳам овард, бузург мебошад.

Мутмаинам, ки сафари расмии имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барои таҳкими минбаъда ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳама соҳаҳо такони тоза хоҳад бахшид.

Дӯстони азиз,

Соли гузашта ҷаҳон бо озмоиши бесобиқаи марбут ба паҳншавии коронавирус рӯ ба рӯ шуд.

Ба мушкилоти худ нигоҳ накарда, Ӯзбекистон бародарона ба мардуми мо кумак расонд.

Мардуми сипосгузори тоҷик, муҳтарам Шавкат Миромонович, кумак дар шакли лавозимоти тиббӣ, беморхонаи сайёр ва инчунин ба Тоҷикистон фиристодани як гурӯҳи вирусшиносони ботаҷрибаро фаромӯш нахоҳад кард.

Мехостам аз номи халқи тоҷик ва шахсан аз номи худам ба Шумо, бародари азизам, барои мусоидат ва кумакатон дар рафъи оқибатҳои пандемия миннатдории амиқ изҳор намоям.

Ҳамаи ин аз меҳрубонӣ ва саховати мардуми бародари ӯзбек ва хиради фарзанди фарзонаи он — Шавкат Миромонович шаҳодат медиҳад.

Дӯстони азиз,

Дар солҳои охир мо шоҳиди ислоҳотҳои азиме ҳастем, ки дар Ӯзбекистони бародар амалӣ мешаванд.

Онҳо дар ба даст овардани натиҷаҳои баланди рушд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвари ба мо дӯст мусоидат намуданд.

Мардуми Тоҷикистон аз дастовардҳои халқи бародари ӯзбек — ҳамсояи наздиктарини худ самимона шоданд.

Шавкат Миромоновичи азиз!

Ба шарофати саъю кӯшиши мову Шумо халқҳои кишварҳоямон имрӯз шаҳди аз меваҳои ширини муносибатҳои бародаронаро мечашанд.

Мо ба ояндаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо итминон ва хушбинона назар дорем.

Ман ба халқи бародари ӯзбек муваффақиятҳои минбаъда, сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам.

Ва бо истифода аз фурсати муносиб, муҳтарам Шавкат Миромонович, бо хушнудии зиёд мехоҳам рисолати гувороеро иҷро намоям.

Июнь 10, 2021 21:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд
Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
ЭЪЛОН! 14 ва 15 март мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ такроран пахш карда мешавад
ТАХТАИ ИНТЕРАКТИВИИ «ETALIM». Бо мақсади гузариш ба таҳсили рақамӣ нахустин барномаи ватанӣ таҳия гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши анъанавӣ баргузор мегардад