ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 июн, ҷумъа, 162-умин рӯзи соли 2021 аст

Июнь 11, 2021 08:00

11 июни соли 2009 дар шаҳри Тошканд-пойтахти Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти фахрии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ интихоб гардиданд.

***

7 сол пеш, 11 июни соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷилликул, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш ва Бохтарро оид ба ҷараёни ҷамъоварии ғалладона, меваю сабзавот ва содироти онҳо, инчунин вазъи иҷрои буҷети ноҳияҳои мазкурро дар давоми панҷ моҳи соли 2014 шуниданд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.  Дар мулоқот барои саҳмгузории муштарак дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

 11 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Непал — Рӯзи шоҳ.

***

Дар Франсия -Рӯзи падар.

***

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка — Рӯзи ваҳдати миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

 11 июни соли 2009 дар шаҳри Душанбе 4-умин намоиш- ярмаркаи байналмилалии саноати сабук ««ИнтерЛегПром-2009» доир шуд.

***

11 июни соли 2010 дар пойтахти Ӯзбекистон- шаҳри Тошканд ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

***

11 сол пеш, 11 июни соли 2010 дар Тоҷикистон ташкилоти журналистии «Афкори ҷомеа» таъсис дода шуд.

***

11 июни соли 2014 Бонки ҷаҳонӣ стратегияи нави ҳамкории худро бо Тоҷикистон ба тасвиб расонид.

***

Дар ин рӯзи соли 1898 дар Чин аз оғоз шудани «сад рӯзи ислоҳот»  хабар дода шуд.

***

11 июни соли 1918 Вазири ҳарбии Германия генерал Штайн эълон намуд, ки Германия аллакай дар ҷанги якуми ҷаҳон ғалаба ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1973 дар Ливия оид ба милликунонии ширкатҳои нафти Америка эълон паҳн шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1638 дар Канада аввалин маротиба заминларза ба қайд гирифта шудааст.

***

Соли 2007 шумораи панҷоҳҳазорумини рӯзномаи «The Guardian» нашр шуд.

Июнь 11, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст