ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 июн, сешанбе, 173-юмин рӯзи соли 2020 аст

Июнь 22, 2021 08:00

22 июни соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷудо намудани маблағ барои тадқиқоти археологӣ фармоиш имзо карданд.

***

7 сол пеш, 22 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конференсияи Рио+20 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова мулоқот анҷом доданд. Бо ибрози ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳо бо ЮНЕСКО Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳамсуҳбатро ба масъалаи ташкил кардани Экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикӣ ба кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши ҳолати кунунии пиряхҳо ва тамоюлҳои тағйирёбии таркиби онҳо ҷалб намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  нахустин сафари давлатӣ вориди шаҳри Куала-Лумпур — пойтахти Малайзия шуда, бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ва Сарвазири ин кишвар Наҷиб Абдураззоқ мулоқот карданд.

22 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Гаити — Рӯзи Президент.

***

Дар Конго — Рӯзи артиш.

***

Дар Салвадор — Рӯзи омӯзгор.

 РӮЙДОДҲО:

 22 июни соли соли 2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд.

 ***

10 сол пеш, 22 июни соли 2011 масоили дуҷонибаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар доираи Барномаи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» баррасӣ гардиданд.

***

22 июни соли 2016 дар пойтахти Ўзбекистон – шаҳри Тошканд вохўрии 13-уми вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1889  дар Германия аввалин маротиба дар Аврупо нафақаи пиронсолӣ ҷорӣ карда шуд.

***

20 сол пеш, 22 июни соли 2001 роҳбарияти ширкати «БМВ» тамғаи нави автомобили «БМВ Х-7»-ро муаррифӣ кард.

***

22 июни соли 1976 Парлумони Канада ҳукми қатлро дар ин кишвар бекор намуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1857 дар Лондон аввалин рўзномаи мухолифин бо забони русӣ бо номи «Колокол» нашр шуд.

***

Соли 1984   киштии калонтарин дар олам- «Абдул- Азиз», ки барои шоҳи Арабистони Саудӣ сохта шуда буд, дар об ба ҳаракат даромад. Он 147 метр дарозӣ ва зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ арзиш дошт.

Июнь 22, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст