ТАСС: Президенти Тоҷикистон густариши ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ-ро дар соҳаи энергетика муҳим арзёбӣ намуданд

Июнь 16, 2021 08:24

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро дар соҳаи энергетика зарур шумориданд.

«Зарурати густариши ҳамкорӣ дар бахши истеҳсолоти саноатӣ ва энергетикӣ, бахусус дар соҳаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика ба миён омадааст», — изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо Агентии давлатии иттилоотии «Ховар» ба муносибати 20-солагии СҲШ, ки 15 июн нашр шуд, менависад ТАСС.

Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2021 раиси Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ мебошанд, инчунин тақвият додани иқтидор ва мавқеи байналмилалии Созмонро аз вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти ташкилот ном бурданд. Ба гуфтаи Президент, моҳҳои июл ва августи соли равон  дар Душанбе баргузории нахустин мулоқоти вазирони саноат ва вазирони энержии кишварҳои аъзои СҲШ ба нақша гирифта шудааст. Баргузории ин чорабиниҳо барои эҷоди механизмҳои мукаммали ҳамкорӣ дар ин самтҳо дар доираи Созмон замина мегузоранд.

«Фикр мекунам, ки дар ҷараёни саммити СҲШ дар Душанбе мо ба қабули қарорҳои дахлдор муваффақ мегардем», — тазаккур доданд Сарвари давлат. Президенти Тоҷикистон илова намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди ҳамаҷонибаи маҷмӯи масъалаҳои марбут ба амнияти озуқаворӣ умед дорад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр намуданд, ки рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла масъалаҳои тағирёбии иқлим аҳамияти махсус дорад. Бино ба иттилои ӯ, дар қаламрави Тоҷикистон 13 000 пирях ва тақрибан 1000 дарё мавҷуданд, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Мавҷудияти ин захираҳо барои рушди “иқтисоди сабз” замина фароҳам меорад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, истифодаи муштараки иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сатҳи таъминоти неруи барқ дар кишварҳои минтақа боло бардошта, арзиши истеҳсоли он кам карда шавад, инчунин хатар ба муҳити зист ва ҳаҷми партоби гази карбон ба атмосфера коҳиш дода шавад.

«Аз ин рӯ, мо ба дастгирии минбаъдаи шарикон дар татбиқи ташаббусҳои мо дар рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла пешниҳоди таъсиси Фонди байналмилалии пиряхҳо, умед дорем», -зикр намуданд Эмомалӣ  Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки интиқоли бемамонияти маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ тавассути қаламрави кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи пандемияи коронавирус аҳамияти хоса дорад.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки чолишҳои нави иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар пасманзари пандемия ба миён омадаанд, зарурати андешидани чораҳои муштаракро барои вокуниши муносиб тақозо мекунанд ва ба роҳ мондани шарикии тиҷоративу иқтисодӣ дар фазои СҲШ ниҳоят муҳим мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкории Шанхай иттиҳоди байналмилалии минтақавӣ буда, ҳашт кишвар узви комилҳуқуқи он мебошанд: Россия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Чор давлат — Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон мақоми нозирро доранд. Дар ин созмон шаш кишвари дигар дорои мақоми шарикони муколама мебошанд: Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка. Аз соли 2004 инҷониб СҲШ дар назди Ассамблеяи Генералии СММ нозир мебошад. Раёсати ин Созмон дар соли 2021 бар уҳдаи Тоҷикистон аст.

 АКС: скриншот аз сомонаи АМИТ «Ховар«

Июнь 16, 2021 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон