Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати се сол иҷозат гирифт

Июнь 23, 2021 16:08

ДУШАНБЕ, 23.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷомдиҳии  хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори  хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Тибқи хабари манбаъ,  дар ин хусус  Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарори марбута қабул намудааст.

Ин тадбир  дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва  «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» андешида шудааст.

Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии  хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2021 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2128 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2124 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.1259 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2119 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар КВД «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1119 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст