Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати се сол иҷозат гирифт
ДУШАНБЕ, 23.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Тибқи хабари манбаъ, дар ин хусус Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарори марбута қабул намудааст.
Ин тадбир дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» андешида шудааст.
Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1250 то 0.1276 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди оби Душанбе иштирок менамояд
Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил шуд
«Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкории молиявии дуҷонибаро густариш медиҳад






