Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд

Июль 16, 2021 12:25

ДУШАНБЕ, 16.07.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Соли равон дар қаламрави ноҳияи Ванҷ  ба ҷои 8 гектари дар нақша пешбинишуда дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд. Нақшабандии кишти зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла,   ба хотири он ки талаботи аҳолӣ ба зироатҳои лӯбиёгӣ зиёд аст, майдони кишти ин маҳсулотро   нисбат ба  солҳои пешин зиёд намудем. Ванҷ махсусан барои рушди боғдорӣ имкониятҳои зиёд дорад ва имрӯз қисмати зиёди мева аз ноҳия ба дигар минтақаҳои кишвар содир карда мешавад.

Ин матлабро  раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим зимни нишасти  матбуотӣ оид ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия  дар шаш моҳи аввали соли равон  баён намуд.

Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки  дар ноҳияи Ванҷ Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби рушди саноат, кишоварзӣ ва сохтмон нисбат ба  соли гузашта 19 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ  44 фоиз афзоиш ёфтааст, ки  ин ба фаъол гаштани корхонаҳои коркарди мармар, ҶДММ «Хрустал» ва муътадил фаъолият намудани шабакаҳои барқии ноҳия алоқаманд аст.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди он ки  ноҳияи Ванҷ аз лиҳози таъминоти хоҷагии халқ ва аҳолӣ бо нерӯи барқ нисбат ба дигар ноҳияҳо пешрав аст, иқтидори тавлидотии ҳамаи нерӯгоҳҳои барқии ноҳия барои ташкили корхонаҳои саноатӣ ҳанӯз басанда нест. Айни ҳол шабакаҳои барқии ноҳия 2,6 мегават барқ истеҳсол мекунанд, аммо барои он ки дар қаламрави ноҳия корхонаҳои нисбатан пуриқтидори саноати кӯҳӣ сохта, ба коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр шурӯъ намоянд, беш аз 5,6 меговатт қувваи барқ зарур аст.

Изҳор гардид, ки бо пайваст гардидани шабакаҳои энергетикии ноҳия ба шабакаи муттамаркази энергетикии ҷумҳурӣ, ки то охири соли равон пешбинӣ гардидааст, ин қазия ҳалли худро пайдо мекунад.

Июль 16, 2021 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд