Ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии Covid-19 дар Раёсати ВКД дар Душанбе доир гардид

Июль 21, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди  корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав Covid-19 ва тавсияи мутахассисон, иддае аз сокинони пойтахт нисбат ба ин масъала фориғболӣ зоҳир менамоянд. Ин нафарон дар ҷойҳои серодам, аз ҷумла бозору мағозаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, наклиёти ҷамъиятӣ бе ниқоб ҳозир шуда,  қойидаҳои беҳдоштро риоя  намекунанд. Гурӯҳҳои кориро зарур аст, ки баҳри зудтар анҷом додани маъракаи ваксинатсия ва  риояи қойидаҳои беҳдошт корҳои иттилоотониро миёни сокинони пойтахт тақвият бахшанд.

Ин матлаб зимни баргузории ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии Covid-19 дар шаҳри Душанбе , ки  19 июл  дар Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти  раёсати  муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума  баргузор шуд, баён гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ҷаласаи  мазкур  бо иштироки васеи  роҳбарон ва масъулини сохторҳои марбутаи ноҳияҳои пойтахт ва  мутасаддиёни тамоми бахшҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  зикр намуд, ки аз мушоҳидаҳои гурӯҳҳои кории пойтахт оид ба пешгирии бемории коронавируси нав Covid-19  бармеояд, ки баъзе аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам оқибатҳои  маргбори ин бемориро дарк накарда, нисбат ба саломатии худ ва атрофиён бепарвоӣ зоҳир менамоянд, ки боиси ташвиш аст.

-Ин нафарон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маконҳои серодам, бозору марказҳои савдо, боғу гулгашт ва нақлиёти ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намебаранд, тавсияи мутахассисонро оид ба пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ ба инобат намегиранд, ки чунин муносибат ба паҳншавиии ин вирус мусоидат менамояд,  — изҳори нигаронӣ намуд муовини Раиси шаҳр.


Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  таъкид намуд, ки бояд масъулини сохторҳои дахлдор ва гурӯҳҳои кории таъсисёфта баҳри пешгирии паҳншавии ин беморӣ   чораҳои мушаххасу муассиртарро роҳандозӣ намоянд.

Дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарону масъулини ноҳияҳои пойтахт барои тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони пойтахт ва пешгирӣ аз риоя нагардидани коидаҳои беҳдоштӣ аз тарафи сокинон вазифадор карда шуданд.

Сипас сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт Салим ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода оид ба навъи ҷадиди бемории сироятии коронавирус, бепарвоии бархе  аз сокинони шаҳр, муборизаи дастаҷамъона нисбат ба  ин беморӣ, ҷоннок кардани кори гурӯҳҳои таблиғотӣ, ҳарчӣ зудтар анҷом додани маъракаи ваксинатсия ва дигар масъалаҳои ба ин мавзӯъ пайванд изҳори андеша карданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар шаҳри Душанбе тадбирҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва назорати истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шавад.

Июль 21, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд