COVID-19. Гурӯҳи корӣ дар бозорҳои «Меҳргон» ва «Варзоб»-и шаҳри Душанбе оид ба пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монд

Июль 10, 2021 10:16

ДУШАНБЕ, 10.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар бозорҳои «Меҳргон» ва «Варзоб»-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо  фурӯшандагон ва  сокинону меҳмонони шаҳр  корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монд. Гӯрӯҳи мазкур  зимни суҳбат  бо сокинон ва меҳмонони пойтахт таъкид намуданд, ки қабули ваксина бар зидди бемории сироятии COVID-19, балки инсонро аз гирифторшавӣ ба ин бемории сироятӣ эмин нигоҳ медорад, балки ин бемориро  дар органзим ба таври сабук мегузаронад.

Тавре муовини раиси ноҳияи Исмоили  Сомонӣ  Наргис Шарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  «бо вуҷуди пурзӯр намудани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, баъзе аз сокинони пойтахт нисбат ба саломатии худу  наздикон ва атофиён фориғболӣ зоҳир  карда, қойидаҳои беҳдошт ва масофаи иҷтимоиро риоя намекунанд».

«Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 дар Чумхурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар ҳудуди пойтахт зиёда аз 196 гуруҳи корӣ фаъолият менамоянд, ки ҳамарӯза ба сокинон тарзи дурусти риояи қойидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятиро  таъкид месозанд»,-афзуд Наргис Шарифзода.

Гурӯҳҳои мазкур ҳамчунин бо ронандагон ва мусофирони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт  низ чунин корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ то ба эътидол омадани вазъ ҷиҳати пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 дар шаҳри Душанбе ва чор ноҳияи он гурурҳҳои корӣ фаъолият намуда, аз сокинон қойидаҳои беҳдоштӣ ва бастани ҳатмии ниқобро талаб менамоянд.

Июль 10, 2021 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад