Дар деҳаи Чуқуркати шаҳри Турсунзода корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат меёбанд

Июль 5, 2021 13:33

ТУРСУНЗОДА, 05.07.201 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони бо нангу номуси деҳаи Чуқуркати Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Турсунзода бо рӯҳияи  баланди ватандӯстӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободониро вусъат мебахшанд. Соҳибкорон, фаъолон ва сокинони ҷамоати деҳоти  мазкур  бунёди 29 иншоотро ба нақша гирифта, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ 21 иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд. Дар 8 иншооти дигар  корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас имрӯзҳо дар деҳа сохтмони толори варзишӣ ва бинои синфхонаҳои иловагӣ дар ҷараён аст. Сокинони ин деҳа ният доранд, ки сохтмони иншооти мазкурро бо сифати баланд ба итмом расонида,  мавриди истифодаи  насли наврас қарор диҳанд.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар мулоқот ба сокинони ин деҳа миннатдории худро ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан  дар таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баён намуда, ба ҳалли масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва мағоза, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, дастрасӣ намудани сутунпояҳои оҳанию бетонӣ барои интиқоли неруи барқ, расонидани кумаки моддӣ барои табобат, ҳуҷҷатнигорӣ намудани  манзилҳои истиқоматӣ ва бунёди майдончаи варзишӣ мусоидат намуда, ба масъулини вобаста ба сари вақт мавриди баррасӣ қарор додани арзу дархости шаҳрвандон супориш дод.

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июль 5, 2021 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!