Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» доир гардид

Июль 1, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони «800-солагии Москва»-и пойтахт даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» доир гардид, ки дар шаш бахши он — либосҳои қадима ва муосири кӯдакону наврасон, либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ, либосҳои рӯзмараи ҷавондухтарон, бонувон ва ҷавонону мардон, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ (протоколӣ) ва либосҳои арӯсии миллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ғолибону иштиркочиёни фаъоли Фестивал бо «Диплом»-у «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Фестивалро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «либоспӯшии тоҷикон аз қадимулайём аз дигар халқҳо бо тарзи дӯхт, нақшу нигор ва истифодаи он ба куллӣ тафовут дорад ва як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад. Либоспӯшӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ буда, шахс бо намуди зоҳирӣ ва маданияти либоспӯшӣ мавқеи худро дар ҷамъият нишон медиҳад ва бо ин роҳ метавонад дар миёни атрофиён соҳибэҳтиром гардад».

«Фестивали «Ҷилваи рангҳо» ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, бонувон ва мардон, ҳамчунин риояи тарзи пӯшидани онҳо дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст», — афзуд Мавсума Муинӣ.

Дар даври шаҳрии фестивали «Ҷилваи рангҳо» духтарону бонувони касбу кори гуногун, ҷавонон ва кӯдакони хушиқболи пойтахт иштирок карда, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ сару либоси миллӣ ва муосирро вобаста ба касбу кор, ороишоти миллӣ бо рақсу суруд пешкаши ҳозирин намуданд. Ҷашнвораи либоси миллӣ ва муосир ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги либос ташкил гардида, ҳунари волои халқи тоҷикро дар дӯхти либосҳои миллӣ таҷассум месозад.

Мавриди зикр аст, ки баргузории Фестивали «Ҷилваи рангҳо» анъана ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро эҳё намуда, иштирокчиёни он — тарроҳону дӯзандагон, эҷодкорону рассомон, чеварону ҳунармандон ва дигар хоҳишмандони ин касб, ҳунари волои худро ба алоқамандону дӯстдорони либосҳои тоҷикӣ муаррифӣ карданд.

Ҳадафи асосии Фестивали мазкур ҳар чӣ бештар тарғиб кардани либосҳои миллӣ ва муосири ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, ба истеҳсоли навъҳои гуногуни матоъҳои ватанӣ вобаста ба фаслҳои сол мусоидат менамояд.

Дар доираи ин ҷашнвораи фарҳангӣ чорабиниҳои зайл, аз қабили дӯхтани либосҳо бо тарзу усулҳои хоси маҳал, ривоҷу равнақи истеҳсоли либосҳои ҷавобгӯи талаботи замони муосир, густариши фаъолияти тарроҳию дӯзандагӣ, рушду инкишофи корхонаҳои хурди дӯзандагиву истеҳсолии либосҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъсис ва рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, арҷ гузоштан ба меҳнати ҳунармандон, тарроҳон ва эҷодкорон, ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии фаъолияти ҳунармандон, тарроҳон, дӯзандагон, эҷодкорон, рассомон, қаламкашону наққошон баргузор гардиданд.

Июль 1, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид