Дар Душанбе Ҳисоботи арзёбии Барномаи қолабии СММ ҷиҳати кумак барои рушди Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Июль 28, 2021 16:56

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид  /СММ/ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои СММ — аъзои гурӯҳҳои натиҷавии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон (UNDAF) ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии натиҷаҳо, хулосаҳо ва тавсияҳои арзёбии ниҳоии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2022 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Тавре Завқӣ Завқизода зикр намуд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои назарраси рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро бо таҳлилҳои ҳаматарафа зикр карда, самтҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои соли 2021 ва ҳафт соли минбаъда муайян намуданд. Аз ҷумла, дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои СММ ва дигар шарикони рушди кишвар барои таъмини рушди устувор ва мутавозини иқтисодӣ давоми солҳои 2016-2020 рушди миёнасолонаи ММД дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 31 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 69 фоиз кам гардид. Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид.

Дар ин давра ду агрегати НБО «Роғун» ба истифода дода шуда, ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқ дар кишвар ба 21 миллиард КВт/с расид. Дар натиҷа ҷумҳурӣ дар арзёбии байналмилалӣ оид ба дастрасӣ ба қувваи барқ мавқеи 2-юмро соҳиб гардид.

Дар ин давра беш аз 1500 км роҳҳои мошингард, 190 пул, 50 км роҳи оҳан бунёд ва имконияти транзитии кишвар тавсеа ёфта, Тоҷикистон дар арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳ мавқеи 50-ум ва аз рӯи самаранокии хизматрасонии роҳи оҳан мавқеи 37-умро дар байни 141 кишвари ҷаҳон ишғол намуд.

Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 маротиба ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба афзоиш ёфтанд. Сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуда, тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ Тоҷикистон ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид.

Дарозумрии аҳолӣ 1,4 сол зиёд шуда, ба 75,2 сол расид. Фавти модару кӯдак дар ин давра мутаносибан 13,1 ва 26,9 фоиз кам шуд.

Дар соли 2020 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ қабул шуда, амалӣ мегардад. Дар натиҷа  соли 2020 ба андозаи 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи 4,5 фоиз ба вуҷуд овард.

Хонум Сезин Синаноглу омодагии СММ-ро барои идомаи ҳамкории мутақобилаи судманд дар раванди таҳия ва татбиқи Барномаи нави UNDAF, ки соли 2023 оғоз мешавад, изҳор намуд.

Роҳбари гурӯҳи арзёбӣ Томислав Новович ва хонум Тетяна Никитина, Роҳбари гурӯҳ оид ба ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва арзёбии UNDAF натиҷаҳо, хулосаҳо ва тавсияҳои арзёбии ниҳоии UNDAF-ро  барои солҳои 2016-2022 ва вокуниши идоравиро ба тавсияҳои арзёбӣ ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт ва таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.

Аъзои кумитаи муштараки роҳбарикунанда аз ҳисоби намояндагони шарикони рушд ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҳисоботи ниҳоии UNDAF ва вокуниши идоравиро тасдиқ намуда, омодагии худро ҷиҳати афзоиш додани кумаку дастгириҳои минбаъда дар самти таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ баён доштанд.

Дар анҷом аз ҷониби Кумита муштараки роҳбарикунанда вобаста ба масъалаҳои рузномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд бо оҷонсиҳои СММ омодагӣ изҳор гардид.

Июль 28, 2021 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ дар Токио иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар конгресси байналмилалӣ минералҳои фоиданоки мамлакатро муаррифӣ намуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кишти пиёзу картошка идома дорад
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид
ЯХОБМОНӢ-ЗАХИРАИ НАМӢ БАРОИ СОЛИ ОЯНДА. Ин тадбири муҳим дар Тоҷикистон аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад
НОРАСОИИ НЕРУИ БАРҚ-МУШКИЛИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ. Сабаби асосии он тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад
Ҳунарманди муҳрабоф Заррина Сайфиддинова бо маблағи гранти президентӣ маркази омӯзишӣ таъсис медиҳад
Бо масъулони соҳаи молия ва андоз дар шаҳри Бохтар ҷаласа баргузор шуд
Панелҳои офтобӣ дар таъмини энергияи «сабз» чӣ аҳамият доранд?
Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ иштирок намуд